25 соли пурнадомат (ҚИСМИ 2)
906

- Хуб ҳастӣ, Нодираҷон, бачаҳоят хубанд?,- ҳолпурсӣ кард Сайрам.

- Бале, апаи ,уб бошӣ. Бо шавҳарат Давлатҷон қӯшапир шавед. Ҳамеша хушбахту хушвақту хушҳол бимонед. Соябони сари фарзандонатон шавед,- даст ба дуо бардошт Саида.

- Омин. Раҳмат апаҷон,- изҳори сипос кард Нодира.

- Шумо ҷавононро мебинаму хурсанд мешавам. Аз Шумо нерӯ мегирам. Ба хушбахтиятон чашм нарасад.

- Мо ҳам ба Шумо ҳавас мекунем. Хусусан ман мехоҳам мисли Шумо зани қавиирода, ва чаққону кордон бошам,- гуфт Нодира бо самимият.

- Ҳа, чаққону кордониамро ҳама таърифу тавсиф мекунанд. Лекин Шумо мисли ман нашавед Нодираҷон. Гузаштаи ман пур аз таассуфу надомат аст. Барои ҳар як лаҳзае, ки қадр накардаам, афсус мехӯрам.

- Чихел?

- Нодираҷон, Саидаҷон ману Шумо солҳост, ки ҳамсояи девор ба деворему пайваста аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бохабар. Ман Шуморо бароям ҳамчун хоҳари қиёматӣ қабул кардаам. Сирре дорам. Ростӣ ин сирро 30 сол аст, ки дар қалб нигоҳ медорам.

- Чи хел сир апаҷон?,- пурсид Саида.

- Сири зану шавҳар. Аслан сири зану шавҳарро берун намебароранд. Лекин барои ибрати дигарон мехоҳам саргузашти талхамро нақл кунам. Ростӣ чанд бор хостам ба ягон журналист ё нависандае ҳаётамро нақл кунам то инсонҳое мисли ман хонда ибрат гиранд.

- Хуб қиссаатонро мешунавем холаҷон,- бетоқат шуда, гуфт Нодира.

- Ману Аҳмад яъне шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта оила бунёд кардаем. Дар замони мо дӯст дошта оиладор шудан он тараф истад бо якдигар вохӯрдани писару духтари қадрас айб буд...

Чун оилаи мову шавҳарам аз оилаҳои намунавӣ буд волидонамон бо ҳам даррав унс гирифта, моро фотиҳа карданд. Хурсандии ману Аҳмадро ҳадду канор набуд. Мо хушҳол будем, ки ба ишқи покамон расидем.

Рӯзҳо гузаштанд. Дар хонаи шавҳарам ман ҳамчун келини "намунавӣ" ном баровардам. Субҳу шом мокувор давида хизмати хусуру хушдоману шавҳарамро мекардам.

Хусуру хушдоманам бениҳоят инсонҳои нек буданд. Маро чун духтарашон дӯст медоштанд. Доимо даст ба дуо бардошта мегуфтанд, ки "Илоҳо писардор шав, моро ки иззат мекунӣ дар рӯйи замин ҳамеша боиззат бош". Шавҳарам ҳам аз муомилаву муносибатам нисбат ба аҳли оилааш қонеъ буд.

Ҳар рӯз бо як дастовез ё туҳфае ба хона меомад. Як дона гул, ширинӣ, қанд, рӯймол, ё ягон либос меовард. Ман ба Худованд ҳазорон бор шукр мекардам, ки бароям чунин шавҳари накӯхислату накӯрафторро насиб гардонидааст.

Ба хушбахтии мо некон ҳавасу бадон ҳасад мекарданд. Ба қавле зиндагии романтикӣ доштем...

(Давом дорад)

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД