Бонувони муосир имрӯз зуд-зуд аз амалиётҳое истифода мебаранд, ки барои пешгирӣ намудани раванди пирӣ ва беҳтар гаштани ҳолати пӯсти рӯю мӯй ва дигар усулҳои нигоҳ доштани ҷавонӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Бо мақсади таъсири дарозмуддати муолиҷаҳои мазкур баъзе занону духтарон аз ҳад зиёд ба мутахассисон муроҷиат мекунанд. Вале ин метавонад натиҷаи баръакс диҳад. Ҳатто муолиҷаҳои маъруфу бехатар ҳангоми истифодаи аз ҳад зиёд метавонанд ба саломатӣ ва зебоӣ зарар расонанд. Пӯст барои барқароршавӣ вақт мехоҳад ва агар фосилаи байни муолиҷаҳо риоя нашавад, эҳтимоли осеб зиёд мегардад.
Косметолог Зухра Балакеримова панҷ муолиҷаро ном бурдааст, ки дар сурати «аз ҳад гузаштан» метавонад оқибатҳои нохуш ба бор оварад.
Ботокс
Ботокс тавассути суст кардани мушакҳои мимикӣ амал намуда, чинҳоро ҳамвор менамояд. Аммо онро зуд-зуд, яъне бештар аз як маротиба дар 4–6 моҳ гузарондан мумкин нест. Фосилаи ҳадди ақал 3 моҳ аст, вобаста ба ҳолати организми ҳар шахс. Агар сӯзандору пай дар пай карда шаванд, мушакҳо заиф мешаванд, шакли рӯй табиати худро гум мекунад ва барқароршавӣ солҳо тӯл мекашад. Ҳангоми инъексияҳои хеле зиёд организм метавонад ба токсин муқовимат нишон диҳад, ки дар натиҷа таъсири дору камтар ва миқдори лозим зиёдтар мешавад. Баъзан модда ба минтақаҳои дигар мегузарад ва боиси хамидани абрӯ ё номувофиқии шакли рӯй мегардад.
Контурпластика бо филлерҳо
Филлерҳои гиалуронӣ барои пур кардани ҳаҷм ва ислоҳи шакли рӯй истифода мешаванд, вале байни муолиҷаҳо бояд фосила нигоҳ дошта шавад. Барои лабҳо 6 то 12 моҳ, барои устухонҳои рухсор то 18 моҳ. Агар филлерҳо зуд-зуд гузошта шаванд, моддаи қаблӣ пурра нест нашуда, ҷамъ мегардад. Дар натиҷа лабҳо ва рухсорҳо аз ҳад калон шуда, симои табиӣ гум мешавад.
Филлер метавонад ба дигар бофтаҳо «куч» намуда, боиси варами лабҳо, халтаҳои зери чашм ё каҷшавии шакли рӯй гардад. Бо гузашти вақт, пӯст аз сабаби фишор суст ва овезон мегардад. Дар баъзе ҳолатҳо, гиреҳчаҳо ва фиброз пайдо мешаванд, ки аз байн бурданашон душвор аст.
Пилингҳои кимиёвӣ
Пилингҳо пӯстро нав мекунанд, вале агар онҳоро зиёд анҷом диҳем, монеаи табиии пӯст вайрон мешавад. Пилингҳои сатҳӣ 1 маротиба дар 2–4 ҳафта, миёна 1 маротиба дар 3–6 моҳ ва амиқ танҳо 1–2 маротиба дар тӯли зиндагӣ иҷозат дода мешаванд. Истифодаи аз ҳад зиёд метавонад боиси ҳассосияти баланд, сурхшавии доимӣ ва пиршавии бармаҳал гардад. Баъзан пилингҳо баръакс, доғҳои пигментиро зиёд мекунанд. Агар пас аз ҳар сеанс пӯст дер шифо ёбад, сурх шуда, ба косметика аксуламал нишон диҳад, бояд танаффус гиред.
Тозакунии лазерии пӯст
Лазер пӯстро нав мекунад, вале пас аз он вақти барқароршавӣ лозим аст. Тозакунии пурқуввати лазериро танҳо як бор дар чанд сол кардан мумкин аст, лазери мулоим як бор дар 6–12 моҳ. Агар онро зуд-зуд иҷро кунед, пӯст осеб мебинад ва метавонад доғ ё осори номувофиқ ба вуҷуд орад.
Яке аз хатарҳои маъмул - пайдоиши доғҳои тира ва ранги нобаробар, хусусан баъди таъсири офтоб аст. Дар ҳолатҳои дигар баръакс, нуқтаҳои сафед пайдо мешаванд. Агар пӯст дер сиҳат шавад ё ба офтоб ҳассос гардад, бояд тамоми муолиҷаҳоро қатъ кунед.
Тозакунии рӯй
Ҳатто поккунии муқаррарии рӯй низ ҳангоми зиёд кардан метавонад зарар расонад. Барои пӯсти равғанин ҳар 3–4 ҳафта, барои муқаррарӣ 1–2 моҳ, барои хушк ва ҳассос 2–3 моҳ беҳтарин фосила аст. Агар онро зуд-зуд анҷом диҳед, пӯст осеб дида, сӯрохиҳо васеъ ва илтиҳобҳои доимӣ пайдо мешаванд. Тозакунии аз ҳад зиёди пӯст метавонад сабаби васеъшавии рагҳо ва пайдоиши бемориҳои монанди купероз ва розасея гардад.