Arzon april 2022
5 ФАРЗАНДИ ЯТИМАМРО БО БАҚЛАШКАФУРУШӢ МЕХӮРОНАМ, ВАЛЕ...
21.05.2021
Р. Азимӣ
2722
5 ФАРЗАНДИ ЯТИМАМРО БО БАҚЛАШКАФУРУШӢ МЕХӮРОНАМ, ВАЛЕ...

Бибиҷон Иброҳимова 54 сол дошта, дар зиндагӣ азобҳои зиёд кашидааст. 18 сол пеш шавҳари беинсофаш ба Русия меравам гуфта, ӯро ба хонаи падару модараш оварду бо ҳамин тамоман гумном шуд.

Бори гарони зиндагӣ ба сари Бибиҷон бор гашт. Ин зани берӯзӣ аз ночорӣ 5 фарзанди бепадарашро бо бақлашкаҷамкунӣ мехӯронад. Субҳгоҳон, ҳанӯз чашми рӯз накафида ӯ ба кӯчаҳои шаҳр мебарояд ва бақлашкаҳоро аз сари роҳу партовгоҳҳо ҷамъ карда мефурушаду бо ҳамин роҳ 8-10 сомонӣ ба даст оварда, як кило шакар ё ду дона нон мехарад. Фарзандони Бибиҷон мисли дигар наврасон сару либоси озода пӯшидаю хӯрокҳои болазат хӯрда наметавонад, зеро зӯри модари муштипарашон ба ин чизҳо намерасад. Бибиҷон ва фарзанднаш бо як пора нони хушк ҳам қаноат мекунанд, вале азоби бехонагию дар ба дари онҳо азият медиҳад. Аз ночорӣ ин зани тоҷик шабҳоро дар хонаи одамони шиносаш саҳар мекунад. Модари 85-солаи Бибиҷон чанд сол боз рӯйи бистари беморӣ мехобад.

Ин кампири касалманд дар дилаш танҳо як орзу дорад-мӯъҷизае рӯй диҳаду духтари сарсахташ Бибиҷон соҳиби манзил гардад, то ки кӯдакони зиндаятимаш аз азоби дар ба дарӣ халос шаванд. Навори навбатии мо дар бораи рӯзгори пурдарди ин зани тоҷик қисса мекунад. Нафароне, ки Бибигул ва фарзандни зиндаятимаш дасти ёрӣ дароз кардан мехоҳанд, метавонанд ба рақамҳои 988-33-80-49 занг зананд ё хайрияи худро ба корти бонкии зер гузаронанд: КОРТИ ДУШАНБЕ СИТӢ 5058270363580886

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД