Sebiston new 2024 october
5 роҳи эмин мондан аз ғуломии меҳнатӣ
674

Бисёриҳо гумон мекунанд, ки ғуломӣ танҳо дар давраҳои қадим вуҷуд дошт, аммо дар замони муосир низ кас метавонад ба осонӣ ба доми ғуломӣ афтад. Хатари афтидан ба ғуломӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ бештар таҳдид мекунад, аз ҳамин хотир, имрӯз мо дар бораи 5 роҳи эмин мондан аз ғуломии меҳнатӣ ба шумо маълумот медиҳем.

Нафаҳмидаю насанҷида ба муҳоҷират наравед!

Нафамидаю наҷанҷида танҳо бо даъвати ягон шинос ба кишвари дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан хатарнок аст. Пеш аз он, ки ба сафар мебароед, аниқ кунед, ки шумо дар куҷо кор хоҳед кард ва дар бораи он ширкат тариқи интернет маълумот бигиред. Барои ин пеш аз ҳама номи ҳуқуқии ширкатро фаҳмида, дар борааш маълумот ҷамъ кардан лозим аст. Корхонае, ки шуморо даъват мекунад, дар асл вуҷуд дорад ё не, самти фаъолияташ кадом аст ва дигарон дар бораи ин корхона чиҳо навишаанд. Дар интернет номи ширкат ё корхонаи шуморо даъват намударо навишта баъд калимаҳои “лохатрон” ё “машенники”-ро нависед, агар ширкат бо мардумфиребӣ машғул бошад, албтатта шарҳу қиссаҳои афроди фиребхӯрда пайдо шуда, найрангҳояшон рӯйи об мебароянд. Ҳамаи ин маълумотҳоро хонда, баъд хулоса бароред, ки рафтанатон маънӣ дорад ё не.

Бо номи каси дигар кор накунед

Дар Русия баъзе корфармоён ба хотири насупоридани андози калон ба муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод менамоянд, ки бо номи каси дигар кор кунанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба чунин пешниҳод розӣ нашавед, зеро дар сурати музди меҳнататонро надодани корфармо шумо наметавонед ҳаққи худро бо роҳи қонунӣ талаб карда бигиред.

Бидуни шартномаи меҳнатӣ кор накунед!

Боз як роҳи афтидан ба ғуломии меҳнатӣ кор кардан бидуни шартномаи хаттӣ мебошад. Ба ҳеҷ ваҷҳ бе шартнома кор накунед. Дар шартномаи меҳнатӣ бояд тамоми ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои дуҷониба ба таври равшан ва фаҳмо нишон дода шуда бошанд. Рӯзу соатҳои корӣ, вазифаҳои бар дӯш доштаи коргар, андозаи музди меҳнат ва ғайра. Пеш аз имзо гузоштан ба шартномаи меҳнатӣ онро бодиққат хонед ва баъди имзо намудан як нусхаашро бо худ бигиред, то ки дар сурати ба миён омадани ягон нофаҳмӣ тавонед ба суд ва дигар мақомотҳои марбута муроҷиат намуда, ҳаққи худро аз корфармо бо пешниҳод кардани нусхаи шартномаи меҳнатӣ ситонед.

Бештар акс гиред

Аз рӯзҳои нахустини кориатон дар ҷойи кор бо ҳамкоронатон акс бигиред. Аксҳоро тарзе гирифтан лозим аст, ки дар куҷо будан ва чӣ кор кардани шумо намоён бошад.Шумо дар корхонаи истеҳсолӣ кор мекарда бошед, дар сари дастгоҳҳои кориатон бештар акс гиред ва ҳатман рӯзу соати гирифта шудани аксро дар зери ҳар як сурат қайд кунед. Корфармо музди меҳнататонро додан нахоҳад, ин аксҳо далел мешаванд, ки шумо дар ҳақиқат дар он корхона кор карда, вазифаҳои бар дӯш доштаатонро иҷро мекардед. Ҳамаи аксҳои гирифтаи худро дар саҳифаҳои интернетиатон гузоред, то дар вақти зарурӣ онҳоро пайдо карда тавонед.

Озодии шуморо маҳдуд намекунанд?

Яке аз нишонаҳои асосии афтидан ба ғуломии меҳнатӣ маҳдуд намудани озодии шахс мебошад. Корфармо ба шумо иҷозати бо ёру дӯстон ва шиносҳоятон вохӯрданро надиҳад, донед, ки ба доми ғуломӣ афтида истодаед. Дар соатҳои ғайрикорӣ ба коргар иҷозати аз ҳудуди корхона ё хобгоҳ берун баромадан надодан, имкони барои харидани хӯрока ё сару либос ба мағозаю бозор рафтан надодан, монеъ гаштан ба вохӯрии муҳоҷир бо хешу табор ё дӯстонаш, гирифтани телефони мобилӣ аз дасти муҳоҷир нишонаҳои дигари афтидан ба ғуломии меҳнатӣ мебошанд. Муҳоҷирро зарур аст, ки бо эҳсос намудани ин ҳолатҳо дарҳол чораҳои зарурӣ андешида, худро аз афтидан ба доми ғуломӣ эмин дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД