Дӯстони азиз, бисёр мехостам ин масъаларо нодида гирам, аммо воқеият рӯз то рӯз нишон медиҳад, ки хомӯшӣ дигар роҳи ҳал нест. Ман бовар дорам, ки ин танҳо мушкили ман нест, балки мушкили бисёр модарон ва кӯдаконе мебошад, ки ҳуқуқҳои онҳо бояд ҳифз карда шаванд.
Ман модари се фарзанд ҳастам. Бо қарори суд барои фарзандонам алимент ба маблағи 750 сомонӣ муайян шудааст. Вале дар шароити имрӯза ин маблағ ҳатто қисми хурди хароҷоти воқеии се кӯдакро пӯшонида наметавонад.
Ман иҷорашин ҳастам. Фарзандонам дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд ва ба кӯдакистон мераванд. Хароҷоти ҳаррӯзаи онҳо аз ғизо, либос, таҳсил, воситаҳои таълимӣ, доруворӣ, роҳкиро ва дигар ниёзҳои зарурӣ иборат аст. Бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд, таъмини ҳамаи ин эҳтиёҷот бо чунин маблағи алимент амалан ғайриимкон аст.
Дар рафти баррасии парванда аз ҷониби падари кӯдакон ҳуҷҷате пешниҳод гардид, ки тибқи он ӯ гӯё аз ҷои кор ихроҷ шудааст. Дар асоси ҳамин маълумот маблағи алимент хеле кам муайян карда шуд. Аммо саволҳои ҷиддии ҳуқуқӣ ба миён меоянд:
- Оё дар чунин ҳолатҳо санҷиши ҳамаҷонибаи вазъи воқеии молиявии шахс набояд анҷом дода шавад?
- Чаро имкониятҳои муайян намудани манбаъҳои воқеии даромад пурра истифода намешаванд?
- Агар маълумоти пешниҳодшуда ба воқеият мутобиқат накунад, кӣ ва бо кадом тартиб ҳақиқатро муайян мекунад?
- Дар чунин ҳолатҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон чӣ гуна пурра ҳифз карда мешаванд?
- Мутаассифона, падари кӯдакон худро ҳамчун шахси бе даромад нишон медиҳад, аммо маълум аст, ки ӯ аз роҳҳои гуногун манфиати молиявӣ ба даст меорад, ҳарчанд ин дороиҳо ва манбаъҳо ба номи шахсони дигар сабт шудаанд. Агар чунин ҳолатҳо таҳқиқ нашаванд, пас адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар куҷо мемонад?
Бо сабаби норозигӣ аз ҳалномаи қабулшуда ман тибқи талаботи қонун ба суди марҳилаи кассатсионӣ муроҷиат намудам. Аммо то имрӯз аризаи ман баррасии ниҳоии худро наёфтааст.
Саволи муҳим ин аст: агар муроҷиати шаҳрванд дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун баррасӣ нашавад, оё ин вайрон кардани ҳуқуқи муроҷиаткунанда нест? Оё ба таъхир афтодани баррасии парванда метавонад ба манфиатҳои кӯдакон зарар нарасонад?
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳар шаҳрвандро ба ҳифзи судӣ кафолат медиҳад. Ҳамчунин қонунгузорӣ манфиатҳои кӯдаконро ҳамчун афзалияти аввалиндараҷа эътироф менамояд. Аз ин рӯ, ҳангоми муайян намудани андозаи алимент бояд на танҳо вазъи расмии падар, балки эҳтиёҷоти воқеии кӯдакон, шароити зиндагии онҳо ва имкониятҳои воқеии таъминоти моддӣ низ ба назар гирифта шаванд.
Ман ин матнро барои айбдор кардани касе нанавиштаам. Ҳадафи ман танҳо ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоте мебошад, ки ба зиндагӣ ва ояндаи кӯдакон таъсири мустақим мерасонад.
Оё шахси оддӣ, ки имконияти киро кардани адвокати гаронарзишро надорад, воқеан метавонад ҳуқуқи фарзандонашро ҳимоя намояд?
Оё дастрасӣ ба адолат бояд танҳо барои шахсони дорои имкониятҳои молиявӣ бошад?
Ман бовар дорам, ки адолат бояд барои ҳама баробар бошад ва пеш аз ҳама манфиати кӯдакон бояд ҳифз гардад.
Аз ҳамаи шахсони соҳибтаҷриба, ҳуқуқшиносон ва шаҳрвандони бетараф хоҳиш менамоям, ки андеша ва маслиҳатҳои худро баён намоянд. Шояд маҳз ҳамин муҳокима ба ҳалли мушкилоти на танҳо як оила, балки даҳҳо кӯдаки дигар мусоидат кунад.
Бо эҳтиром, Лайлӣ ОДИЛӢ