Пулиси шаҳри Душанбе аз рух додани занозании гурӯҳе аз наврасон дар пойтахт хабар дод. Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар пайи ин ҳодиса 8 нафар боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса рӯзи 1-уми феврал дар кӯчаи С. Шерозӣ, наздики бинои Сирки давлатӣ рух додааст. Бино ба иттилои расмӣ, иштирокчиёни занозанӣ бо ҳам муноқиша карда, тартиботи ҷамъиятиро халалдор намудаанд.
Мақомот зикр мекунанд, ки айни ҳол нисбати боздоштшудагон чораҳои зарурии қонунӣ андешида шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Сабаб ва ангезаҳои ин муноқиша то ҳол дақиқ муайян нашудаанд.