arzon november
9-одати баде, ки боиси рехтани дандонҳо мешавад
487


Шоире фармудааст:
Роҳати дунё зану дандон бувад,
Бе зану дандон ҷаҳон зиндон бувад!

Дар ҳақиқат дандон узви ниҳоят муҳими инсони буда, дар ҳолати дардманд шудан ё осебе диданаш кас наметавонад, роҳат зиндагӣ кунад, зеро таъму маззаи хӯрокро мо маҳз бо кӯмаки дандонҳо эҳсос мекунем. Аз ҳамин хотир дандонҳоро эҳтиёт кардан лозим аст, чунки қиматбаҳотарин дандонҳои сунъӣ низ ҷойи дандонҳи табии моро гирифта наметавонанд. Солҳои охир шумораи одамоне, ки мушкилоти дандон доранд, хеле зиёд шудааст. Бархе, аллакай дар 30-35 солагӣ маҷбур мешаванд, ки барои шинондани дандонҳои сунъӣ ба духтури стоматолог муроҷиат намоянд, зеро дандонҳояшон барвақт шикаста мерезанд, мепӯсанд ё бо мушкилоти дигаррӯ ба рӯ гашта, бармаҳал бе дандон мемонанд. Аз ҳамин хотир имрӯз мо дар бораи баъзе одатҳои баде маълумот медиҳем, ки боиси осебдидан ва рехтани дандонҳ мегарданд.

Газидани нӯги қалам ё дастаки айнак

Аксари одамон ҳангоми ба фикр фурӯ рафтан ё ҳолати одӣ сарпӯши ручкаву қалам ё дастаки айнакро мегазанд. Ин ҳолат, агар тез-тез такрор ёбад дар дандон тарқишчаҳо пайдо мешавад ва бар замми ин, бактерияҳо ба осонӣ ба холигиҳои даҳон тавассути асбоби газида ворид шуда, боиси гирифтор гаштани кас ба ҳар хел касалиҳо хоҳанд шуд. Майли газидану хоидан дошта бошед, беҳтараш сақич хоед, вале на аз меъёр зиёд.
Шикастани писта ва донаи офтобпараст Зуд-зуд шикастани писта ва донаки офтобпараст бо дандон ба пӯсидани дандонҳо оварда мерасонад, илова бар ин, газидани пистаи зиёд ба милкҳои дандон низ осеб расонида, боиси сар задани бемориҳои сироятӣ дар даҳон мегардад. Шумо ошиқи писта бшед, нро на бо дандон, балки бо ягон асбоби дигар шиканед ва ҳатман баъди хурдани писта дандонҳоятонро бишӯед. Ин одат барои солим нигоҳ доштани дандонҳо кӯмак мерасонад.

          Истифодаи чуткаи дандоншуйи
Чӯткаҳои дандоншӯӣ барои зуд тоза кардани дандонҳо пас аз хӯрок пешбинӣ шудаанд, аммо чуткҳои дурушти дандоншӯйӣ милки дандонҳоро вайрон карда, боиси хунравӣ дар милкҳои дандон мегарданд. Духтурони дандон ин асбобро муассир намедонанд, зеро ҳангоми шустушӯйи дандон чуткаи дандоншӯӣ метавонад шикаста, траҳои он ва дар байни дандонҳо часпида монад. Аз ҳамин хотир ба шумо тавсия медиҳем, ки чуткаҳои хушсифати дандоншӯиро интихоб намоед.
                   Истифодаи ришта
Баъзеҳо чунин одат доранд, ки пас аз хӯрок хӯрдан, агар дар байни дандонҳояшон пасмонда хӯрок дармонда бошад, онро тавассути ришта тоза мекунанд. Ин амал ба дандонҳо зарар дорад.
                     Ғичироси дандон
Ғичироскунии дандон бештар дар ҳолати хоб рӯй медиҳад, аз ин лиҳоз идора кардани ғичирост дандон ғайриимкон аст. Одамоне, ки чунин мушкил доранд, бояд фавран ба духтур муроҷиат намянд, зеро ин метавонад нишонаи ягон бемории асаб бошад. Ҳангоми ғиҷирросзанӣ дандонҳо бо ҳам соиш мехӯранд ва сире ки дандонҳоро мепӯшонад, осеб мебинад. Аз ҳамин сабаб одамоне, ки дандонҳояшон дар хоб ғичиррос мезананд, пас аз бедор шудан аз дарди сар азоб мекашанд. Дар чунин вазъияти душвор табибон барои беморон чизи махсусро тавсия медиҳанд, ки дандонҳо бо ҳам ғичирос намезананд.
                               Пирсинг
Айни ҳол байни ҷавонон пирсингкунӣ-дар лаб, даҳон, забон (ва ғайра) ҳалқа гузоштан мӯд шудааст. Тавре ки стоматологҳо мегӯянд, ин одати зараровар боиси шикастани дандонҳо ва рушди бемориҳои сироятӣ мегардад.
                 Газидани нохун
Як одати бади дигар, ки боиси осеб дидани дандонҳо мешавад, газидани нохунҳост. Нохунхоӣ бениҳоят одати зараровар аст. Аввалан, аксарияти бактерияҳои даст дар зери нохун ҷойгиранд ва бо газидани он ба холигоҳи даҳон медароянд, сониян, дар дандонҳо тарқишҳо пайдо мешаванд, ки дар оянда боиси пӯсидани дандон мегардад. Севум, дар вақти газидани нохун қисми поёни чоғ ба пеш мебарояд ва аз ин одат чоғи поён назар ба кисми болоӣ пеш мебарояд.

Аз ҳад зиёд шустани дандон

Дар урфият мегӯянд: "Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст". Дар шустани дандон ҳам андозаро бояд нигаҳ дошт. Дар як рӯз фақат ду бр шустани дандон кифоя аст. Аз ин бештар дандон шустан боиси хунравии даҳон мегардад. Тавсия дода мешавад, ки ҳангоми тоза кардани дандонҳо аз чӯткаҳои нарм истифода баред.
Бо даҳони кушода хоб кардан
Бо дуҳони кушода хобидан пеш аз ҳама ба дандонҳо осеб мерасонад. Кушода нигоҳ доштани даҳон дар хоб ҳамчунин боиси кам шудани миқдори моеъ мегардад, ки кислотаҳоро зиёд мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД