formula
9- сабаби импотент шудани мард
7846

Як дӯсти наздикам сирри дилашро ба ман кушода гуфт, ки вақтҳои охир бо занаш ҳамхобагӣ карда наметавонад. Бо шунидани нақли дардолуди ҷураам, ки вақтҳои охир хеле дамдузду одамгурез шудааст, ба даҳшат афтидам. Дӯстам на сигоркаш асту на арақхӯр, ягон одати бади дигар ҳам надорад. Наход як йигити паҳлавонҷусса бе ягон сабаб импотент шавад?

Д.М.

 

Тибқи маълумотҳои мутахассисон дар ҷаҳон 10 миллион мард аз иллати сустшавии қувваи мардӣ азоб мекашанд. Тақрибан то нимаи солҳои 1970 муҳақиқон бар он ақида буданд, ки сустшавии қувваи мардӣ бо ҳолати равонии инсон, ба асаб вобастагӣ дорад, вале баъдтар илм исбот намуд, ки қариб ними мардони импотент бо сабаби тағйиротҳои ҷисмонӣ аз нерӯи мардӣ маҳрум мешаванд. Ҳар қадаре мард калонсол мешавад, ҳамон андоза барои ба ҷимоъ омода шуданаш вақти зиёд лозим меояд. Мардони аз 18 то 20- сола дар чанд сония ба ҷимоъ омода мегарданду марди 30-40- сола дар 1-2 дақиқа, барои марди 60-сола бошад, баъзан як рӯзи дароз лозим меояд.

 

Аз дору эҳтиёт шавед

Сабаби сустқамарии мард баъзе дорувориҳои антигистаминӣ, диуретикӣ ё таскинбахш низ гашта метавонанд, бинобар ин, ба доруҳое, ки истеъмол мекунед, диққат диҳед. Беҳтараш пеш аз ягон доруро қабул кардан бо табиб ё доруфурӯш маслиҳат кунед. Мабодо баъди ду-се рӯз дору аз таъсири ногувораш дарак диҳад, боз ба назди табиб равед. Мутахассис вояи доруро паст мекунад ё доруи дигар мефармояд. Фаромӯш накунед, ки худсарона ҳар хел дорувориҳоро хӯрдан оқибатҳои ногувор дорад ва метавонад марди солимро якбора ба импотент табдил диҳад!

 

Майхорагӣ-душмани мард

Аз ҳад зиёд нӯшидан ба системаи асаб зарар мерасонад. Бо мурури вақт миқдори зиёди машрубот асабу ҷигарро бемор месозад. Вақте кори ҷигар халалдор шуд, дар ҷисми мард ҳормонҳои занона зиёд ҷамъ шуда, қувваи мардонааш кам мешавад. Барои муътадил мондани таносуби тестостерон бояд ҳамаи узвҳо фаъолияти дуруст дошта бошанд.

 

Холестерин зарар дорад

Узвҳои ҷинсии мардона узви рагдор аст. Ҳамаи он моддаҳое, ки раги шараёнро маҳкам мекунанд -холестерини хӯрока ва ҷавҳарҳои ғализи чарбӣ ба узви ҷинсии мард низ таъсири худро мерасонанд, аз ин лиҳоз ба хӯроки худ диққат диҳед. Яке аз сабабҳои гирифтори импотенсия гаштан сатҳи баланди холестерин дар хун мебошад.

 

Сигор накашед

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки сигор рагҳои хунгардро танг месозад. Ба ақидаи олимон дуди тамоку шавқи шаҳвониро нобуд ва мушакҳои даркориро заиф мегардонад.

 

Фарбеҳ нашавед

Хуб мебуд, ки мард ба фарбеҳшавӣ роҳ надиҳад. Машқи бадан беҳтарин шуғл барои мардон аст. Ҳар қадаре мард чусту чолок бошад, ҳамон андоза ҳаракатҳои худро идора карда метавонад, вале дар ин кор аз ҳад нагузаронед, тавре мегӯянд «андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст».

 

Ором шавед

Системаи асаби мард дар саломативу ҳолати руҳиаш нақши бисёр муҳимро мебозад. Асаби ором кафолати солимии ҷисмонии мард аст. Яке аз роҳҳои ором сохтани қалб бо меҳрварзӣ машғул шудан мебошад. Навозишу меҳрубониро аз ҳамдигар дареғ надоред.

 

Бо ҳамсаратон суҳбат кунед

Дар хонаи хоби шумо набояд хомӯшии мутлақ ҳукмрон бошад. Мушкилоти ҷои кор, бемории фарзандон ва дигар камбудиҳоро дар бистар бо якдигар ҳаллу фасл намоед.

 

Беморӣ ҳам сабаб мешавад

Баъзан бо сабаби кори нодурусти узвҳои ташарруҳоти ҷинсӣ, ки бо бемории ғадуди простата алоқамандӣ доранд, мард сустқамар мешавад. Дар ин сурат табобат кардан муҳим аст. Мардони синну солашон гуногун гирифтори импотенсия мешаванд, бинобар ин, тарсидан лозим нест, ба саломатии худ диққат додану табобат кардан ин иллатро рафъ месозад.

 

Ҳавои тоза хуред

Ҳар марди гирифтори бемории импотенсия бояд дар вақташ истироҳат намояд ва хоби бароҳату ғизои солим дошта бошад. Дар ҳавои тоза давидану дар замин нишаста хестан ва худро ба чаппу рост хам кардан барои беҳдошти саломатии мард мисли обу ҳаво зарур аст.

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД