sebiston july new
Абдуалимзода: Маблағи камтарини шартнома дар ДДМИТ аст
219

Маблағи шартномаи таҳсили донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон нисбатан камтар будааст.

Шаҳрвандони хориҷӣ ҳам бо пули на он қадар зиёд дар донишгоҳ таҳсил доранд. Ин дар ҳолест, ки аксари донишҷӯёне, ки тариқи шартнома дар макотиби олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, аз гаронии маблағи шартнома изҳори норозигӣ мекунанд.

Ректори донишгоҳи мазкур Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим, имрӯз 7-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, айни замон дар шуъбаи рӯзона ва таҳсилоти фосилавии ДДМИТ дар умум 8997 донишҷӯ таҳсил доранд, ки ин шумора 4980 донишҷӯ рӯзона ва 4017 нафар тариқи фосилавӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд.

– Ман фикр мекунам, ки шарномаи пасттарин дар байни муассисаҳои олии касбии кишвар маҳз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аст. Маблағи шартномаи таҳсил дар ДДМИТ бо назардошти интихоби ихтисос аз 3200 то 5000 сомониро ташкил медиҳад. Барои шаҳрвандони хориҷӣ фарқияти маблағ вобаста ба ихтисос 1000 сомонӣ зиёдтар аст.

Яъне, агар донишҷӯи хориҷӣ ихтисосеро интихоб карда бошад, ки маблағи шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони Тоҷикистон 3200 сомонӣ бошад, ӯ 4200 сомонӣ мепардозад ва ҳамин тавр, барои шатрномае, ки маблағаш 5000 сомонӣ аст, хориҷиён 6000 сомонӣ пардохт мекунанд. Дар оғози соли 2024, ҳангоми тасдиқ кардани маблағи шартномаи таҳсил, хостем, ки маблағи шартномаро камтар баланд бардорем, аммо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ бораи баланд набардоштани шартномаҳо вуҷуд дорад ва пешниҳоди мо рад карда шуд, – гуфт ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД