arzon replenishment
Абдурозиқ Олга Бузоваро қоил кард
7241

Ҳанӯз се-чор сол пеш ба ғайри аҳли оила, хешу табор ва ҳамдеҳагонаш дигар касе дар бораи Абдурозиқ чизе намедонист ва аҳли оламро аз мавҷудияти чунин як бачаи булаҷаб аслан хабар набуд, вале имрӯз ин ҷавони ғайриоддӣ маҳбуби миллионҳо сокинони сайёра гаштааст. Абдурозиқ мактаби мусиқиро хатм накарда бошад ҳам, тавонист дар як муддати кӯтоҳ аз ситораҳои дурахшони санъати эстрадии тоҷик-Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сурайё ва Ҷонибеки Мурод ва дигарон пеш гузарад. Далели равшани ин гуфтаҳо иштироки ин ҷавони резаҷусса,вале сар то ба по ҳунар дар чорабиниҳои баландпояи байналмиллалӣ мебошад.

Чанде пеш Абдурозиқ соҳиби “Визаи тиллоӣ” гашта буд, ки ба ин санъаткори ҷавони тоҷик ҳуқуқи муддати 10 сол дар яке аз бузургтарин марказҳои тиҷоратӣ ва сайёҳии ҷаҳон-шаҳри Дубай-бе мамоният зиндагӣ ва фаъолият намуданро медиҳад. Ба думболи ин комёбӣ бахт боз як бори дигар ба рӯйи Абдурозиқ хандида, дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ширкат варзид.

Эҳтимол шумо гумон кунед, ки Абдурозиқ бо ягон варзишгари ҳамтои худ қувваозмоӣ мекунад, вале дар асл ин ҳунарманди ҷавони тоҷикро ба хотири шод гардонидани табъи иштирокчиёну меҳмонони чорабинӣ даъват намуда буданд.

Абдурозиқ, блогер ва овозхони тоҷик ба қавли Спутник –Тоҷикистон дар Белград дар маросими ифтитоҳи 21 -умин чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ширкат варзида, бо ду таронаи дилангези худ ҳамаро қоил кардааст. Яке аз таронаҳо бо забони туркӣ буда, суруди дигаре, ки Абдурозиқ барои иштирокчиёну меҳмонони чемпионати ҷаҳон оид ба бокс суруд, аз эҷодиёти ҳунарманди зиндаёди тоҷик Муборакшо Мирзошоев будааст.

Ҳангоми сурудани таронаи марғуби Муборакшо Абдурозиқ дар саҳна бо завқ рақсида, ҳамаро қоил кард ва ҳатто Олга Бузова ва Милошем Бикович ро маҷбур намуд, ки барояш кафкӯбӣ карда, дар сомои ӯ ба санъати тоҷик аҳсан хонанд. Йигити тоҷик бояд ҳамин хел бошад!

Ёдрас мешавем, ки дар ин мусоблиқа варзишгарон аз панҷ қитъа иштирок мекунанд. Ҷоизаи қаҳрамонҳои ҷаҳон ҳар кадом 100 000 доллар, барандагони медалҳои нуқра 50 000 доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар мегиранд. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 2,6 миллион долларро ташкил медиҳад, вале ба Адбурозиқ чанд ҳазор доллар додаанд, ин сирри махфии ситора аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД