Commerce bank may-june 2026
Ҳабси як зодаи Тоҷикистон барои ташкили мадрасаи исломӣ ва шиканҷаи кӯдакон дар Русия
85

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 3 муҳоҷирро барои ташкили мадрасаи ғайриқонунии исломӣ ва азобу шиканҷа додани кӯдакон равонаи зиндон намудаанд, ки як нафарашон зодаи Тоҷикистон будааст.

Бар асоси маводҳои парванда, зодаи Тоҷикистон Шарофиддин Раҳматов, зодаи Озарбойҷон Фазли Агаев ва шаҳрванди Туркия Шабан Динчер соли 2022 ба Русия омада, дар шаҳри Санкт-Петербург хонаеро иҷора гирифтаанд ва мадрасаи ба созмони байналмилалии динии “Сулейманҷи” марбутро боз кардаанд, ки дар Русия сабти ном нашудааст.

Гуфта мешавад, ки номбурдагон нисбати кӯдаконе, ки бо мақсади таълими динӣ ба мадраса фаро гирифта шудаанд, азобу шиканҷаро раво дида, онҳоро латукӯб мекардаанд ва бо даст, чӯб ва дигар ашёҳо мезадаанд.

Истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ ва равонӣ нисбати кӯдакон дар ин мадраса пас аз муроҷиати як кӯдаки 10-сола, ки бар асари латукӯб шудан аз ҷониби ба ном “домуллоҳо” ҷароҳат бардошта, ба табибон муроҷиат намудааст, ошкор шудааст. Дар парванда номи чаҳор кӯдаки қурбонӣ оварда шудааст, ки дар ин мадраса мавриди латукӯб ва фишори равонӣ қарор гирифтаанд.

Суди шаҳри Санкт-Петербург барои ташкили мадрасаи ғайриқонунӣ ва озору шиканҷа додани кӯдакон зодаи Тоҷикистон Шарофиддин Раҳматов ва зодаи Озарбойҷон Фазли Агаевро ба муҳлати 6 сол ва шаҳрванди Туркия Шабан Динчерро ба муҳлати 6,5 сол равонаи зиндон намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД