Arzon march 2024
ҚАДАМ БА ҚАДАМ БО ЗАФАР АБДУАЛИМОВ! (ВИДЕО)
01.06.2021
Р. Азимӣ
2761
ҚАДАМ БА ҚАДАМ БО ЗАФАР АБДУАЛИМОВ! (ВИДЕО)

Аз рӯзе,ки сарояндаи мумтоз Зафар Абудалимов меҳмони нахустини барномаи “Қадам ба Қадам” интихоб шуд, ташвишу изтироби мо кормандони сомонаи Оила шаруъ гашт. Чанд маротиба пай дар пай ба ӯ занг задабошем ҳам, телефонашро намебардошт. Маҷбур шудем, ки роҳи коргоҳашро пеш бигирем ва ҳарчи зудтар барномаро таҳия карда ба редаксия супорем, аммо...

Хабар ёфтем, ки Зафар Абдуалимов бо ҷидду ҷаҳди зиёд ба консерти калоне, ки бояд дар боғи 800 солагии Масква доир гардад, омодагӣ дида истодааст. Вақте ба майдони мазкур расидем, ба мо гуфтанд, ки гурӯҳи овозадори “Хор Туреского” аз Маскав меҳмони Тоҷикистониён мешаванд ва консерти эшон бояд дар ин майдон барпо гардад. Аз дур чашмамон ба Зафар афтод, ки ба масъулини барнома тарзи ҷо ба ҷо кардани техника ва дигар лавозимотҳоро мефаҳмонд. Журналист будани худро ошкор накарда, мо қадам ба қадам ӯро таъқиб намудем. Аз такудави ин ҳунарманди машҳур маълум буд, ки айни ҳол сӯҳбат оростан бо Зафар ба мо муяссар намегардад, зеро сараш он қадар дар ташвиш буд, ки ногуфтанӣ...

Имрӯз хам паси сар шуд, аммо мо ҳеҷ натавонистем бо Зафар сӯҳбат намоем.

“Уф, уф, уфффффф! Ин чи тақдири шум буд, ки ба сарамон омад, охир як супориши оддиро иҷро карда натавонистем” гӯён, мушт бар сар мезадем.

Соат аллакай 3-и шаб шуда, тамоми сокинони шаҳр масти хоб буданд, вале мо, журналистони сомонаи ОИЛА ҳамоно Зафар Абдуалимовро пайгирӣ менамудем. Тибқи маълумотҳои ба дастамон расида, Зафар барои пешвоз гирифтани гурӯҳи овозадори “Хор Туреского” ба фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе рафтааст, фурсатро аз даст додан нахоста роҳи фурудгоҳро пеш гирифтем. Дар шӯълаи чароғҳои фурӯзони фурудгоҳ баръало дида мешуд, ки чи тавр Зафар Абдуалимов ҳамроҳи роҳбари гурӯҳи овозадори Хор Туреского аз толори қабул ва гусели меҳмонон берун мешавад. Ду ҳунарманд боҳам хеле гармуҷӯшон сӯҳбат доштанд, мо ба гуфтугӯӣ онҳо халал расондан нахоста, пинҳонӣ ин ду ситораро таъқиб намудем.

Пас аз чанд лаҳза сарояндагони дигари гурӯҳ низ бо борҷомаҳои худ қаторак шуда, аз фурудгоҳ баромаданд. Зафар Абдуалимов онҳоро ба мошинҳои сиёҳшишае, ки махсус ба меҳмонон хизмат мерасонанд, шинонд. Мо ҳам аз думболи ин корвони мошинҳои гаронбаҳо, ки ба самти меҳмонхонаи Серена равон буданд, ба роҳ афтода, ноаён онҳоро пайгирӣ намудем.

Дар меҳмонхонаи Серена низ барои бо Зафар сӯҳбат оростан фурсат даст намедод. Зафар пай бурда буд, ки мо ӯро таъқид карда истодаем, вале бо ишора фаҳмонд, ки ҳоло вақташ танг асту имконияти бо ҳам гап задани надорад. Имрӯз ҳам шаб шуд ва мо боз ноумед ба хона баргаштем.

Рӯзи сеюм..

Фаҳмидем, ки Зафар ҳамрроҳи ин гурӯҳи овозадор ба самти Радиои Ҳамсадо раҳсипоранд. Онҳоро таъқиб карда ба Радио омадем. Як соати дароз интизор будем, ки қаҳрамонамонро ба гап дароварда ҳамроҳаш сӯҳбат меороем, вале аз Лайф радио занг зада,тамоми нақшаҳои моро барбод доданд. Зафар “ҳозир расида меоем” гуфта, меҳмононро ба мошин шинонд ва ба он ҷо равон гаштанд.

Баъди интизориҳои зиёд ба мо маълум гашт, ки Зафар боз ба Майдони 800-солагӣ меравад. Тамошобинони азиз, тавре ки шумо дар навор дида истодаед, соат аллакай 7-и бегоҳ бошад ҳам, Зафар Абдуалимов чунон серкор аст, ки ҳатто вақти сархорӣ надорад. Маҷбур шудем, ки аз ёрдамчиаш Тахминабону оиди Зафар ва корҳои ба зиммадоштааш пурсон шавем:

Консерт шуруъ шуд! Дар як дам саҳни майдон чунон серодам гашт, ки гӯё замин кафтида одам баромада бошад.

Мехостем баъди анҷоми барнома бо Зафар Абдулимов сӯҳбат ороем, вале консерт 5 соат тӯл кашид ва қаҳрамонамон хастагиро баҳона карда, ваъда дод, ки ягон рӯзи дигар бо мо мулоқот меорояд.

Аз байн ду рӯз гузашт ва мо боз ба ҷои кори Зафар Абдуалимов омадем. Билохира баъди қариб яксоати интизорӣ Зафар ба коргоҳаш омад ва мо қадам ба қадам аз паси ӯ вориди утоқи кориаш гаштем.

Акнун Зафар ба чангамон афтид. Ин дафъа мо ӯро ба ҳоли худаш нагузошта ба тамоми саволҳоямон ҷавоб мегирем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД