Ҳафт варзишгари тоҷик барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини қазоқ - кураш ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон сафар мекунанд. Мусобиқа рӯзҳои 22-23-юми август баргузор шуда, Тоҷикистонро ҳафт варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Дар ҳайати тими Тоҷикистон инҳо ҳастанд:
Мубориз Баротзода - то 55 кг;
Мустафои Абдулфайз - то 66 кг;
Ҳусейнзода Муҳаммадраҷаб - то 74 кг;
Каримзод Наврӯз - то 82 кг;
Ҳақназар Назаров - то 90 кг;
Эмомҷон Камолов - то 100 кг;
Дадахон Қурбоналиев - зиёда аз 100 кг.
Паҳлавонони тоҷик талош хоҳанд кард, ки дар рақобат бо варзишгарони беҳтарини ҷаҳон натиҷаҳои баланд ба даст оварда, Парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.