sebiston july new
Афзоиши ВИЧ-СПИД дар байни муҳоҷирони тоҷик
599

Сироятёбӣ аз вируси норасоии масъунияти одам-ВИЧ-СПИД дар байни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик рӯ ба афзоиш овардааст. Дар ин бора Алиҷон Солиев, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД, дирӯз зимни рӯнамоии гузориши нави ҷаҳонии ЮНЭЙДС дар бораи вазъи БПНМ дар сайёра, маълумот дод.

Тавре ки ин масъули бахши мубориза бо ВИЧ-СПИД дар Тоҷикистон гуфт:
“Қаблан нашъамандони тазриқӣ ва расонандагони хизматрасониҳои шаҳвонӣ бештар ба ВИЧ-СПИД гирифтор мешуданд, вале солҳои охир сироятёбӣ аз вируси норасоии масъунияти одам дар байни муҳоҷирон рӯ ба афзоиш овардааст. Танҳо дар шаш моҳи соли равон дар 194 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ин вирус ёфт шуда, шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатие, ки аз ВНМО сироят ёфтаанд 2343 нафарро ташкил медиҳад.

Сабабҳои афзоиши ВИЧ-СПИД-ро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ шарҳ дода, Алиҷон Солиев афзуд, ки муҳоҷирони тоҷик асосан ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони тасодуфӣ сироят меёбанд.

“Бештари ҳодисаҳои сироятёбии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз вируси норасоии масъунияти одам, яъне ВИЧ ба алоқаҳои хатарноки ҷинсӣ рабт доранд. Вақте баъди дарёфти ин вирус дар вуҷудашон мо бо муҳоҷирон сӯҳбат мекунем, иқрор мешаванд, ки ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданашон бо шахсони ношинос алоқаи ҷинсӣ карда, аз воситаҳои пешгирӣ истифода намебурданд. Як муҳоҷири ҷавон, ки тӯйи домодӣ дошт, ҳангоми гузаштан аз ташхиси тиббӣ барои бастани ақди никоҳ дар ӯ вируси норасоии масъунияти одам дарёфт карда шуд. Ҳангоми сӯҳбат он ҷавон нақл кард, ки ҳамагӣ як маротиба дар хориҷа бо духтари ношиносе бе рифола ишқварзӣ кардаасту халос. Ҳамон як алоқаи хатарноки ҷинсӣ боис гаштааст, ки он ҷавон аз ВИЧ сироят ёбад...”

Тавре ки Солиев гуфт, айни замон муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар кишварҳои дигар қарор доранд ва дар онҳо вируси норасоии масъунияти одам ёфт шудааст, ба таври фосилавӣ ба қайд гирифта шуда, доруҳои зиддиреторвирусӣ ба онҳо дастрас карда мешаванд.

Яке аз сабабҳои асосии афзоиши сироятёбӣ аз ВИЧ-СПИД дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи ин беморӣ ва хатарҳои он маълумот надоштани ҷавонон мебошад. Муҳоҷирон бояд дарк намоянд, ки ҳатто як алоқаи ҷинсии хатарнок метавонад боиси сироятёбӣ аз ВНМО гашта, натанҳо ҳаёти худи онҳо, балки наздиконашонро низ дар хатар гузорад. Саломатии ҳар як инсон пеш аз ҳама дар дасти худи ӯст, бинобар ин, худро эҳтиёт карда, аз алоқаҳои хатарноки ҷинсӣ худдорӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД