formula
Агар мурдам аз дасти хушдоман мурд гӯед
5722

 

Ин телефони сомонаи «Оила» аст?

-Бале, идораи «Оила», ягон мушкил доштед?

-Илтимос, маро наҷот диҳед, ки мекушад!

-Кӣ, шуморо мекушад?

-Хушдоману шавҳарам.

-Хоҳар, аз гапатон чизеро нафаҳмидам, ошкортар гӯед, чӣ воқеа рӯй дод?

Зан каме ором шуда ба нақл кардан шуруъ намуд:

Ман шавҳарамро надида гирифтам. Модари ӯгаям розигиамро напурсида маро ба ин мард ба шавҳар дод. Модар, ки надоштам, ночор ҳарчи бодо бод гӯён ба тақдир тан дода аз паси зиндагӣ шудам. Гумон доштам, ки бо гапи хуб ва меҳру садоқат дили аҳли оилаи шавҳарамро меёбам. Вале хаёлам хом баромад. Хушдоманам аз рӯзҳои аввали зиндагиам дар хонааш маро хуш қабул накард. Ҳайрон будам, ки чаро ситораи ман ба ӯ писанд набошад, ҳама кору бори хонаро мекардам, хӯрокашонро мепухтам, дасташонро об гирифта, либосашонро шуста дарзмол карда медодам, ба қавле дар хизмати хушдоман ба як по рост будам, вале модаршӯям ба ман рӯйи хуш намедод. Хушдоманам 25 гову 15 гӯсфанд ва ду аспу ду хар дорад, ҳамин қадар молро худам танҳо саришта мекунам. Дар сарам тоқиву тӯри арӯсӣ ба чорво обу алаф медиҳам, таги пояшонро мерӯбам, меҷӯшам. Кадом арӯс ин корро мекунад?! Ҳанӯз аз кору бори оғилхона халос нашуда садои хушдоманам танин меандозад: «Келиннннн! Хӯрокро зудтар паз, бачаҳо омада истодаанд…» Белу замбарро яксӯ гузошта ба ошхона медавам. Хӯрокро пухта ба сари дастархон мебараму ҳанӯз як луқма ба даҳон набурда модарошӯям «хез, зудтар либосҳоро шӯй, ки дер мешавад» гӯён, маро аз сари дастурхон мехезонад. Бо ҳамин то намози шом либосшӯйӣ карда боз ба сари гову мол медавам. Ҳар шаб баъди соати 12 ба ҷогаҳ медароям, вале субҳ надамида боз фиғони модаршӯям ба фалак мепечад: «Мурдӣ чӣ бало, наход келин то ҳамин вақт хоб равад-а?!» Гумон накунед, ки аз кору бори хона безор шуда шиква карда истодаам, касе аз кор намурдааст, ки ман мурам, вале бароям алам мекунад, ки дар ин хонадон касе ба қадрам намерасад. Хар барин кор мекунам, аммо хушдоманам дар пеши шиносу ношинос маро бад карда «келинам чалфас аст, ягон зарра ба хонаю дар аҳамият намедиҳад» гуфта мегардад. Кампир бар замми туҳматчӣ буданаш боз иғвогар ҳам ҳаст, пайти муносиб, ки ёфт ману шавҳарамро ҷанг меандозад. Худо накарда хӯрок панҷ дақиқа дертар тайёр шавад, дарҳол «ин касофати сархӯр магар хобро монда хӯрок мепазад?!
 


Садҳо бор гуфтам, ки сари вақт аз паси дегу табақ шав, лекин ин лаънатӣ гапи маро писанд намекунад» гӯён, ба рӯйи оташи ғазаби писараш бензин мерезад. Ҷанҷоли ману шавҳарам бисёр вақт аз рӯи гапи модараш сар мезанад. Барқасди модараш шавҳарам маро мезанад, чунон сахт мезанад, ки гову харро чунин лагадкӯб намекунанд. Сару рӯям сиёҳу кабуд аз шарм ба кӯча баромада наметавонам.  Фарёдрасе надорам. Ҳайронам, ки чӣ кор кунам, охир то ба кай бо сару рӯйи хуншор дар оғилхона ба гову молҳо розӣ дил мекунам?! Ку падару бародарони меҳрубоне, ки як боракак аз аҳволам хабар гиранд…

Занро гиря гулӯгир карда телефонро монд. Барои ному насаб ва суроғаашро пурсидан такроран зангаш задам, вале телефонро зани дигар бардошта гуфт:

-Келинам чизе, ки ба шумо гуфт, ман ҳамаашро аз паси дар шунидам. Ба ман фарқ надорад, ки шумо радиёед ё газета, ҳозир ман рӯзи ин худозадаи хабаркашро сиёҳ мекунам…

Хостем кӣ будани соҳиби овозро пурсем, аммо садои гуд-гуди телефон ба гӯш расид ва дигар ба зангҳои пай дар пайи мо касе ҷавоб надод…

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД