Ҳамсояи хуб беҳ аз фарзанду хеши раҳдур!
121

Холаи Оиша дар яке аз ҳавлиҳои кӯҳнаи маҳаллаи Советский" танҳо зиндагӣ мекард. Фарзандонаш дар хориҷа буданд, яке дар Амрико, дигаре дар Русия. Онҳо пул мефиристоданд, телефони гаронбаҳо харида буданд, вале касе набуд, ки дар як рӯзи боронӣ дарвозаашро кушояд ва пурсад: Хола, чӣ хел ҳастед?

​Ҳамсояи девордармиёни ӯ Парвиз як ҷавони серкор буд, ки субҳ мерафту шаб меомад. Вале зани Парвиз - Мадина як қоида дошт: ҳар боре ки таоми бомазза мепухт, ҳатман як табақчаашро барои холаи Оиша мебаровард.

​Як шаби зимистон, вақте барфи вазнин меборид, барқ хомӯш шуд ва ҳавои хонаи холаи Оиша якбора хунук шуд. Кампир бемор буд, қуввати аз ҷояш хестан ва печкаро гирон карданро надошт. Ӯ дар зери курпа меларзид ва фикр мекард: Агар имшаб бимирам, касе то саҳар хабардор намешавад.

​Дар ҳамин вақт дарвоза тақ-тақ шуд. Парвиз бо чароғак (фонарик) ва як чойники гарм вориди хона шуд.

- Холаи Оиша, дидем, ки чароғатон намесӯзад, гуфтем, ки шояд хунук хӯрда бошед. Мадина шӯрбои гарм фиристод.

​Парвиз дид, ки ҳоли кампир бад аст. Мадинаро ҷеғ зад. Ӯ фавран печкаи бобоиро алов монд, доруҳояшро дод ва то гарм шудани хона дар он ҷо монд. Холаи Оиша бо ашк дар чашмон гуфт:

- Бачам, келинҷон, писарони худам дар он тарафи дунё ҳастанд, вале шумо дар ин шаби сард дар канори ман ҳастед. Рост гуфтаанд, ки ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар.

​Мадина ин дам дастҳои сарди кампирро гирифта, гуфт:

- Холаҷон, дар Душанбеи мо деворҳо барои ҷудо кардан нестанд, барои такя кардан ҳастанд. Мо ҳама дар як кӯчаем. Агар мо имрӯз ҳоли шуморо напурсем, фардо кӯдакони мо ҳам ҳоли моро намепурсанд. Ин косаи шӯрбо на танҳо хӯрок, балки занҷири одамгарии мост.

​Пас аз он шаб Парвиз ва Мадина холаи Оишаро мисли модари худ нигоҳубин мекарданд. Вақте писари холаи Оиша аз Амрико омад, бо ҳайрат дид, ки ҳавлии модараш тоза, худаш бошад, хушҳол аст. Ӯ хост ба Парвиз пул диҳад, вале Парвиз қабул накард:

- Пулро барои чиптаи худат нигоҳ дор, ки зуд-зуд омада модаратро хабар гирӣ. Мо ин корро барои пул накардаем, мо инро барои он кардем, ки ҳамсоя ҳастем.

Дар шаҳри мо ҳаёт хеле тез шудааст, ҳама дар даванд. Вале баракати маҳаллаҳои мо дар ҳамин табақчаи ҳамсоя аст. Нагузоред, ки деворҳои баланд дилҳои шуморо аз ҳамсояҳоятон ҷудо кунанд. Зеро дар рӯзи сахтӣ аввалин касе, ки ба ёрии мо мерасад, на хеши дур, балки ҳамин ҳамсояи девордармиён аст.

Чӣ гуфтед?

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД