arzon replenishment
“Ан-Наср” барои Криштиану Роналду виза дархост кардааст
978


Фурӯши билетҳои бозӣ миёни дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ оғоз шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, арзиши билетҳои ин бозӣ аз мавқеъи ҷойгиршавии ҷойи нишаст дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе муаяйн шудааст.

Ҳамин тавр нархи билет барои категорияи якум дар минбари асосӣ (бахшҳои 1.2.3.4) 300 сомонӣ буда, барои се минбари дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) қимати ҳар билети категорияи дуюм 100 сомонӣ гуфта мешавад. Арзиши билет дар нишастгоҳ барои меҳмонони хос ё худ VIP 3000 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.

Ёдрас мешавем, ки вохӯрии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ рӯзи 5-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир “Ан-Наср” барои бозигарони худ, аз ҷумла барои Криштиану Роналду ҷиҳати сафар ба Тоҷикистон раводид дархост кардааст.
Ногуфта намонад, ки нахустин бозии “Истиқлол” ва “Ан-Наср” дар доираи даври дувуми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё рӯзи 2-юми октябр дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк”-и шаҳри Ар-Риёз доир гардид ва ин рақобат бо натиҷаи 3:1 ба фоидаи футболбозони “Ан-Наср” анҷом ёфт.

Дар айни ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо касби 12 имтиёз дар мақоми аввал буда, дастаи “Персеполис”-и Эрон бо касби 7 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо касби 2 имтиёз дар зинаи сеюм ва “Ад-Дуҳайл”-и Қатар бо касби як имтиёз дар зинаи чорум аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД