Arzon march 2024
Ҷангу ҷанҷоли зану модарам маро хонагурез кард
14.05.2022
ОИЛА
1899


Аслан шиква кардан кори марднест, вале мушкилоте, ки имрӯз ба сари ман омадааст, фикр мекунам аксари мардони тоҷикро азият медиҳад.

Дар вақташ завҷаи маро модарам худашон интихоб намуда, ба хостгорӣ рафта буданд, вале мутаассифона, баъди тӯй аз рӯзҳои аввал зану модарам бо якдигар ҳеҷ созиш карда натавонистанд, зеро ҳар ду ҳам хеле якрав ҳастанд. Борҳо занамро шинонида насиҳат кардам, ки ба модарам гапгардонӣ накунад, илоҷе карда, дилашро ба даст биёрад. Занам бо ашки шашқатор “хуб” гуфта, ваъда медиҳад, ки тоқат мекунад, вале ҷангу ҷанҷол ҳамоно идома дорад.

Ростӣ, борҳо мушоҳида кардаам, ки модарам зани маро ноҳақ меранҷонад. Медонам, ки асабҳои модарам хеле хароб асту баъзан беҳуда бо атрофиён моҷаро мекунад.

Дар чунин ҳолатҳо ман кӯшиш мекунам, ки бо вуҷуди ноҳақ будани модарам хомӯш бошам. Ин корро ман танҳо ба хотири фарзандаш будан мекунам ва хеле хуб медонам, ки шахси бегона, хусусан келин ба чунин муомилаи хушдоман тоқат намекунад.

Аламовараш ин аст, ки апаҳоям ҳар боре ба меҳмонӣ оянд, модарамро балво дода, муносибати келину хушдоманро бад месозанд. Хонандагои азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Зану модарамро чӣ гуна ба созиш биёрам?

Охир, ман зану фарзанди мепартофтагӣ надораму оилавайрон шудан намехоҳам. Илтимос, маслиҳати худро дареғ надоред.


Д.Б., аз шаҳри Душанбе.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД