formula
Анонси шумораи №12-13 ҳафтаномаи “Оила”
350

 Дар шумораи №12-13 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Шавҳарам аз рашк девона шудааст”, “Арӯсамро дар “Одноклассники” дидаму...”, “Марди занҷаллоб садқаи фарзанд шавад” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа хобномаи исломӣ таҳти унвони “Рақсидан дар хоб хушбахтист ё бадбахтӣ” таҳия гардидааст.

Қиссаи “Дар асорати ҷин” дар бораи раиси сезанае навишта шудааст, ки зани сеюмаш бо мақсади ба худ гарм кардан ӯро ҷоду карда, оқибат мардро бемор месозад. Оқибати ҷодуву илми ғайб танҳо марг ва бадбахтӣ буданро баъд аз мутолиаи қиссаи мазкур дарк мекунед.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” дар суҳбат бо руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо саволу ҷавобҳои диниро оид ба фазилатҳои моҳи шарифи рамазон мутолиа намоед.

“Келин кӯдакро кушту мӯйсафедро ба марг маҳкум кард” қиссаи навбатиест, ки аз кору кирдори ношоистаи як келини хонадон дарҷ гардида, оқибат боиси марги тифлаки бегуноҳ ва аз пайи он даст ба худкушӣ задани пирамарди азият кашида мегардад.

Дар қиссаи “Мӯъҷиза дар моҳи рамазон” бори дигар собит гардидааст, ки ин моҳи муборак пур аз фазилату муъҷизаҳои зиёд аст.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз тугмаи тиллоии Абдурозиқ то нашри “Ҳамсоя”-и Leo” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Аз рӯзгори ситораҳо” таҳти унвони “Дар мактаб фақат ҷӯра доштам” фишурдаи суҳбати Фараҳноз Шарафоваро аз барномаи “Ногуфтаҳо” мутолиа намоед.

Дар рубрикаи солимӣ таҳти унвони “Авитаминоз ё гиповитаминоз?” маводи тиббиро дар боби бемории мазкур ва пешгирӣ намудани он маслиҳатҳои судмандро мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД