formula
АНОНСИ ШУМОРАИ №31 ҲАФТАНОМАИ “ОИЛА”
03.08.2022
ОИЛА
897

 Дар шумораи №31 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 Дар саҳифаи номаҳо таҳти сарлавҳаи “Шавҳари аз худам хурд карда, гунаҳкор шудам?”, “Аз хешу табори шавҳар безорам!” ва “Духтар зоям, бева мешавам” номаҳои кутоҳи хонандагони ҳафтаномаро мутолиа карда метавонед.

Толеъномаи ошиқона дар саҳифаи 2-юми ҳафтанома манзури ошиқони шайдо мегардад. Ошиқон метавонанд чӣ гуна сипарӣ гардидани моҳи августро пешакӣ муайян намоянд.

Қиссаи “Ба намакдон туф накардан ҳунар аст” аз нақли марде рӯи коғаз омадааст, ки дар даврони ҷавонӣ метавонист бо як беандешагӣ ояндаи худ ва обрӯи як хонадонро, ки дар он нону намак хӯрдааст, барбод диҳад. Вале бо вуҷуди ҷавон буданаш сабру таҳаммулро пеша мекунаду ба шармандагӣ роҳ намедиҳад...

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” вақтҳои намоз аз 1-ум то 31-уми августи соли 2022 пешкаши хонандагон мегардад. Боз дар ҳамин саҳифа саволу ҷавобҳои кутоҳи диниро мутолиа карда метавонед.

Таҳти сарлавҳаи “Қотил” қиссаи ҷавонзане дарҷ гардидааст, ки ҳанӯз аз овони мактабхонӣ хеле золиму ҷоҳил аст ва ҳатто баъди ба шавҳар баромадан сабабгори марги писарчааш мегардад.

“Морарӯс” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки аз нафрату бадбинӣ ва беодобии як ҷавонзан нақл мекунад. Мутаассифона, шумораи чунин бонувони беандеша дар ҷомеаи мо хеле зиёданд.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта “Аз қиссаи оилае дар “Батош” то моҷарои Ралик ва Навик МС”-ро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” чанд хабари кутоҳу ҷолиб оиди зиндагии шахсӣ ва фаъолияти ҳунарии ҳунармандони рус, ҳинд ва турк дарҷ гардидааст.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “10 сабаби импотент шудани мард?” оиди оқибатҳои ин иллат маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД