sebiston july new
Анонси шумораи №47 ҳафтаномаи “Оила”
354

 

Дар шумораи №47 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Бо телефон талоқ дода, пушаймон шуд”, “Дӯст медорам мегуфту шавҳар кард”, “Шавҳарам зани русашро аз ман боло медонад” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа аз зиндагиву фаъолияти блогерони ҷавон Ник ва Тара мутолиа намоед.

Қиссаи “Дарди дили духтари герчик”, ки дар саҳифаи 3-и ҳафтанома дарҷ гардидааст, сарнавишти занеро қисса мекунад, ки сахт вобастаи героин гаштааст ва роҳи халосӣ аз ин вабои марговарро пайдо карда наметавонад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар мавзӯҳои динӣ посухи кутоҳ дода шудааст. Дар қисмати дигари ҳамин саҳифа хабарҳои кутоҳи варзиширо мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон дар мавриди масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба мушкилоти оилавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳуқуқшиноси лоиҳаи “Ҳуқуқи ман” посух мегӯяд.

“На талоқ медоду на пуштибонам мешуд” боз як қиссаи дардолудаи занест, ки 15 сол зери хушунати пайвандони шавҳар умр ба сар бурдааст, вале ба хотири фарзандон ба тамоми зулму хориҳо тоқат кардааст.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро “Барои чӣ Субҳон Ҷалилов китобҳоро савтӣ мекунад? мутолиа намоед.

Дар саҳифаи Чеҳра таҳти унвони “Биёед, аз ғам нагӯем” суҳбати рӯзноманигор Одил Нозир бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева оиди зиндагиву фаъолияти эҷодии ин бонуи ҳунар пешкаши мухлисон мегардад.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Чаро зардпарвин авҷ мегирад?” роҳи табобат ва пешгирӣ намудани бемории мазкур маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД