sebiston july new
Анонси шумораи №48-уми ҳафтаномаи “Оила”
2051

 Дар шумораи №48-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Аз бойбача чӣ хел халос шавам”, “Ба зани Далер ҳасад мебарам, “Ду сол пулҳоямро хӯрду...” таҳия гардидааст.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо сарояндаи шинохта Шаҳриёр Давлатов оиди фаъолияти эҷодӣ ва зиндагии шахсӣ мутолиа карда метавонед.

“Раҳоӣ аз камбағалӣ –чанд маслиҳати миллионери тоҷик” чунин унвон дорад подкастии навбатии “Маърифати молиявӣ” бо устоди бизнес-тренер, соҳибкори шинохта ва миллионери тоҷик Саидмурод Давлатов. Дар ин подкаст Саидмурод Давлатов аз рӯйи таҷрибаи худ маслиҳатҳои муфид медиҳад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз ҷониби намояндагони дин посух дода шудааст. Дар ин ҳафта ба саволҳои “Дар хонаи азодор собун задан убол аст?”, “Ҳайвон намозро фосид мекунад”, “Дашноми шӯхиомез ҷоиз аст?”, “Талоқ дар вақти ҳайз воқиф мешавад?”, “Меваи қабристон ҳалол аст?”, “Бе иҷозати занам оиладор шавам?” ва дигар мавзуҳо посухро мутолиа намоед. 

Дар рубрикаи “Номҳои тоҷикӣ” шумо метавонед номҳои духтарона ва писаронаро, ки бо ҳарфи “Ш” сар мешаванд, барои фарзанди навзоди худ интихоб намоед.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволҳои “Кӣ ҳуқуқи сурат гирифтани кӯдакро дорад?”, “Зани дуюм ё сеюм ба моли шавҳар ҳуқуқ доранд?”, “Ҷиноятро эътирофшударо бегуноҳ гуфтан мумкин аст?” ва “Кадом телефонҳо аз боҷи гумрукӣ мегузаранд?” посухи адвокат дода шудааст.

“Рашк хонавайронам кард” зиндагиномаи талхи бонуест, ки баъд аз солҳои тӯлонӣ хоҳари худро меёбаду рӯзи тӯяш ба табрики ӯ меравад, вале дар сари тахт дар бари хоҳари арӯсшудааш падари фарзандон ва шавҳари худро, мардеро, ки аз ҷон бештар дӯст медорад, дида, аз ҳуш меравад.

Дар саҳифаи 7 “Муҳимтарин навгониҳои Ютуб, ТИК-ТОК ва Инстаграм” пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шабакаҳои маъруфтарини интернетӣ таҳти сарлавҳаи “Аз суруди навбатии Мубориз ва Мадина то амалишавии ду орзуи Барон”” мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” ба саволи хонанда таҳти унвони “Витамин нарасад, сар сафед мешавад?” ва “7 маҳсулоте, ки ҳангоми шамолхӯрӣ зарар доранд” маводи тиббӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД