Arzon march 2024
Анонси шумораи №52-уми ҳафтаномаи “Оила”
2500

 

Дар шумораи №52-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Шавҳар дӯстам надошт”, “Падарамро ҳаргиз намебахшам!”, “Янга ба ҷои модарамон шуд” таҳия гардидааст.

Дар рубрикаи “Як соли ситораҳо” мавод оид ба он ки дар соли харгӯш дар ҳаёти ситораҳои тоҷик кадом рӯйдод ва ҳодисаҳои фараҳбахш рух додааст, мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи “Маърифати молиявӣ” таҳти унвони “Зан ва пул”,

Аз сохтани даромад то саводнокии молиявӣ, подкасти навбатии “Маърифати молиявӣ” оид ба муносибати занҳо ба пул, идораи самараноки пул дар оила, мушкили асосии молиявии занон дар ҷомеаи муосир ва раҳоӣ аз он бо номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Султонбии Раҳматзода суҳбати хабарнигор дарҷ гардидааст.

 

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар арафаи соли нави мелодӣ ба суоли он ки оё дини ислом таҷлили соли навро ҷоиз медонад ё на, мавод дарҷ гардидааст. Ҳамзамон ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои нозуки динӣ аз ҷониби намояндагони дин посух дода шудааст. Дар ин ҳафта ба саволҳои “Дурӣ аз шароб”, “Хоҳари зан номаҳрам аст?”, “Фарзандони паёмбар?”, “Имоматии марди хатнанашуда”, “Ҳаҷ аз ҳисоби идораи давлатӣ”, “Оё ҷоиз аст, ки муаззин худаш имом шавад?” ва дигар саволҳо посухро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Номҳои тоҷикӣ” шумо метавонед номҳои духтарона ва писаронаро, ки бо ҳарфи “А” сар мешаванд, барои фарзанди навзоди худ интихоб намоед.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволҳои “Шӯхӣ ҳам ҷавобгарӣ дорад?”, “Харидани кӯдак ҷиноят аст?”, “Маъюбони коргар ягон хел имтиёз доранд?” ва “Ҳиссаи худро чӣ гуна талаб кунам?” посухи адвокат дода шудааст.

“Ишқи духтари нобино” зиндагиномаи мардест, ки ба духтари нобино ошиқ шуда, хилофи хоҳиши волидон бо ӯ издивоҷ мекунаду билохира занаш сари фарзанд меравад. Баъди марги зани дӯстдоштааш шаш сол сипарӣ гардида бошад ҳам, мард то ҳанӯз издивоҷ накардааст, зеро наметавонад ишқи худро фаромӯш кунад.

Дар саҳифаи 10 “Муҳимтарин навгониҳои Ютуб, ТИК-ТОК ва Инстаграм” пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шабакаҳои маъруфтарини интернетӣ таҳти сарлавҳаи “Аз хайри Некрӯз то бозгашти Азиза ва Раҳима ба Ватан” мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “6 усули ботароват сохтани пӯст дар рӯзи ид” ва “Дар шаби соли нав чӣ хӯрдан лозим, то ки бемор нашавед” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” фишурдаи суҳбати хабарнигори ҳафтаномаро бо ҳунарманди ҷавону шинохта Гулноза Хоҷаева мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД