sebiston july new
Анонси шумораи №9 ҳафтаномаи “Оила”
02.03.2023
ОИЛА
348

 Дар шумораи №9 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Магар зани дуюм одам нест?”, “Ман пул кор кардаму шавҳарам ҷип харид”, “Арӯси хоболуд” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа таҳти унвони “Маро чунон лату кӯб мекарданд, ки...” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо варзишгардухтари ҷавон Манижа Самадова, ки аз Чемпионати ҷаҳон бо медали тилло ба Ватан баргашт, мутолиа карда метавонед.

Қиссаи “Рози пирдухтар” сарнавишти духтарест, ки дар рӯзи занги охирон бо дӯстдоштааш муносибати маҳрамона мекунад, вале баъди чанде ҷавон дар муҳоҷират ҷон ба ҷаббор супорида, то ҳанӯз ин сири худро пинҳон мекунад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ҷадвали вақтҳои намоз аз санаи 1-ум то 31-уми март дарҷ гардидааст. Дар қисмати дигари саҳифа “Фазилатҳои моҳи шаъбон”-ро мутолиа намоед.

“Ман ӯро дуо накарда будам” боз як қиссаи ошиқонаест, ки оғози ширину анҷоми талх дорад.

Дар қиссаи “Суманро дар хоб мебинам” сарнавишти марде рӯи қалам оварда шудааст, ки бар хилофи хоҳиши волидонаш бо духтари дӯстдоштаи худ оиладор мешавад, вале бахт намебинад.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз мундариҷаи "Stand Up-и Хуҷанд" то нашри “Фиреби нокас”-и Мубориз Усмонов” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Аз рӯзгори ситораҳо” таҳти унвони “Фахриддини “Арабшо”-ро кӣ ба зиндон бурд” мусоҳибаи Фахриддин Багаевро аз барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев мутолиа намоед.

Дар рубрикаи солимӣ таҳти унвони “Кадом бемориҳо дар баҳор авҷ мегиранд?” маводеро дар боби бемориҳои баҳорӣ ва пешгирӣ намудани он маслиҳатҳои судмандро мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД