arzon replenishment
Ҷаҳонро боз пандемия фаро мегирад?
745


Дар Чин вируси наве пайдо шудааст, ки гузаранда буда, бо суръати зуд паҳн шуда истодааст. Ба иттилои мақомоти Чин, ҳамарӯза садҳо нафар бо нишонаҳои ин вирус дар бемористон бистарӣ мешаванд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Чин, аломатҳои беморӣ табларзаи баланд, арақкунӣ, ва пайдоиши нуктаҳо дар шуш мебошанд, аммо сулфа вуҷуд надорад.

Ин ниҳод иттилоъ дод, ки дар аввал, аломатҳои вируси нав танҳо дар кӯдакон пайдо шуданд, аммо дар тӯли панҷ рӯзи охир дар калонсолон низ ошкор карда шуданд. Бинобар ин, ба тамоми муассисаҳои тиббии Чин фармон дода шудааст, ки шумораи соатҳои кориро зиёд кунанд. Патогенҳои сершумори роҳи нафас, аз қабили вируси зуком, RSV, SARS-CoV-2, ки боиси COVID-19 мешавад, дар саросари кишвар ин эпидемияро ба вуҷуд овардаанд.

“Беморхонаҳо дар Пекин ва Ляонин аллакай пур шудаанд ва мактабҳои маҳаллӣ дарсҳоро ба муддати номуайян лағв карда истодаанд. Дар Пекин тамоми чораҳоро мебинанд, ки дар байни аҳолӣ ваҳму воҳима сар назананд. Президент Си Ҷинпин дастур додааст, ки сабабҳои пайдоиши вирус ҳарчи зудтар муайян карда шаванд, то миқёси эпидемия коҳиш ёбад”, - гуфтааст як мақоми баландпояи ин ниҳод.

Беморхонаҳо дар саросари кишвар аз кӯдакони бемор пур шудаанд. Табибон мегӯянд, маълум нест, ки хуруҷи он кай сар шудааст, аммо ғайриоддӣ аст, ки ин қадар кӯдакон зуд сироят ёфтаанд.

Владислав Даванков, муовини раиси Думаи давлатии Русия аз “Роспотребнадзор” хостааст, ки бо далели авҷ гирифтани эпидемия дар Русия чораҳои зарурӣ андешида шуда, назорати парвозҳо аз Чинро пурзӯр намоянд.

Вирусолог, доктори илмҳои тиб Анатолий Алтштейн дар сӯҳбат бо расонаҳои русӣ гуфтааст, ки шакл ва таркиби вируси нав ҳанӯз муайян нашудааст.

«Сухан дар бораи афзоиши бемориҳои роҳи нафас меравад. Инҳо вирусҳое ҳастанд, ки аллакай маълуманд, аз ҷумла коронавирус, вируси зуком ва аденовирусҳо. То он даме, ки вируси нав бо усулҳои равшани вирусологӣ муайян карда шавад, интизор шудан лозим нест. Бояд тадбир ҷуст”, - шарҳ додааст олим.

Вируси нав мутант буда, ҳамарӯза тақрибан 7000 нафар бо нишонаҳои он бистарӣ мешаванд. Феълан тибқи ахбори расонаҳо аломатҳои ин вирус дар Дания, Шветсия ва Фаронса низ ошкор шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД