toyota motors
Қаҳрамониҳои Бибола Рӯзиматови 102-сола
78

Имсол 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба аст. Мо дар ин рӯзи муқаддас бо эҳтиром хотираи онҳоеро, ки барои ҳифзи Ватан ва озодии наслҳои оянда ҷони худро нисор кардаанд, гиромӣ медорем. Дар ин рӯз назди иштирокчиёну собиқадорони ҷанг рафта, арзи сипосу миннатдорӣ менамоем.

Рӯзи Ғалаба рӯзи ёдоварӣ аз корнамоиҳои ҷанговарон ва ҷонфидоиҳои онҳоест, ки барои ғалаба ба даст овардан дар ин ҷанги аҳдшиканона заҳмат кашидаанд.

Дар чунин рӯзи пурифтихор ба дидорбинии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бибола Рӯзиматов рафта, аз рӯзгору корнамоиҳои ин марди фидоӣ қисса мекунем.

"Ҷанговари пешқадам будам..."

Бибола Рӯзиматов 15-уми июни соли 1924 дар деҳаи Гулобод (собиқ Қаробуин)-и ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст. Ӯ ҳанӯз 17-сола буд, ки Германияи фашистӣ аҳдшиканона ба хоки давлати Шуравӣ ҳамла кард. Оғози ҷанги ноҷавонмардонаи душман тариқи тамоми воситаҳои ахбори омма паҳн мешуд ва мардумро ба иттиҳоду мардони шуҷои Ватанро ба ҳимояи марзу бум давъат мекард. Ҳазорҳо мардони бонангу ори тоҷик ба даъвати Ватан "лаббайк" гӯён ба ҷанг рафтанд. Бибола Рӯзиматов ҳам дар қатори онҳо мардонавор ба ҷанг рафт.

"Аз оғози солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз деҳаи мо 16 нафар ба фронт даъват шуданд. Ман низ дар сафи даъватшудагон қарор доштам. Соли 1943 моро ба фронт фиристоданд. Дар муддати кӯтоҳ нозукиҳои ҳарбиро аз худ карда, ба ҷанг ворид шудем. Дар майдони набард бо душмани ғаддор мардонавор меҷангидем. Ман аз ҷанговарони пешқадам будам. Аз монёврҳои ҳарбӣ истифода бурда, ҳазорҳо душманро ба ҳалокат расондам. Ҷанг ниҳоят душвор мегузашт. Ҳавои сарду камии ғизо моро азият медод. Аз тарафи дигар садои тиру туфанг тамоми бешаро фаро гирифта, даҳшати ҷангро дучанд мекард. Лекин мо барои ҳимояи ватан аз ҳеҷ чиз наҳаросида бо умеди ғалаба меҷангидем",- изҳор дошт иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бибола Рӯзиматов.

Бибола Рӯзиматов дар ҷанг қаҳрамониҳои зиёд нишон додааст. Ӯ дар рафти ҷанг ду маротиба ҷароҳат бардошта аз як ангушташ маҳрум гардидааст. Ин ҷанговари матинирода дар озод кардани Украина ва як қатор кишвару шаҳрҳои Аврупо саҳм гузошта, Рӯзи Ғалабаро дар шаҳри Берлини Олмон истиқбол гирифтааст.

Аз ҷанг ба ҷанг

Артиши Шуравӣ, ки тоза бар фашизм ғалаба ба даст оварда буд, баъди анҷоми ҷанг ба рӯйдодҳои нав рӯ ба рӯ шуд. Ҷанг ба охир расида буд, аммо аз ҷониби Ҷопон ҳамлаҳои нав оғоз гардид. Аксарияти сарбозоне, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди фашизм меҷангиданд, ба ҷабҳа фиристода шуданд. Бибола Рӯзиматов низ ба ин ҷанг сафарбар гардид.

"Ҷанг бисёр тӯл накашид аммо, ҳарду ҷониб талафоти зиёд дид. Бо вуҷуди ин мо   бо рӯҳияи баланд ва боварӣ ба ғалаба меҷангидем. Барои ҳар яки мо ҳифзи Ватан ва таъмини сулҳу субот аз ҳама муҳим буд. Ҳарчанд ҷанг дер давом накард, лекин мо то соли 1947 дар сафи артиши Шӯравӣ қарор доштем. Ба мо як миқдор маблағ медоданд. Ман он пулҳоро ба волидайнам мефиристодам то ба каму кости рӯзгор истифода баранд. Доимо дар фикри волидон будам, медонистам, ки онҳо низ дар ин ҷанги хонумонсӯз чун мо азият мекашанд. Аз як тараф азоби ҳиҷрон, гуруснагӣ ва танҳоиву бекасӣ ва аз тарафи дигар пирӣ онҳоро нороҳат месозад. Охир аз ҷанг ғайр аз талафоту азобу уқубат, маргу миру ҷароҳат чӣ ҳам мемонад? Танҳо сулҳ аст, ки ба инсонҳо дар ин дунёи дурӯза бахту саодат меорад",- бо оҳи сард гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар муҳорибаҳои зидди Ҷопон низ сарбозони шӯравӣ ҷасорат нишон дода, вазифаҳои ба уҳдаашон гузошташударо бо сарбаландӣ иҷро карданд. Пас аз муҳорибаҳои шадид ва талошҳои зиёд, ҷанг бо Ҷопон низ ба анҷом расид. Сарбозон, аз ҷумла Бибола Рӯзиматов, бо ифтихору сарбаландӣ ва синаи пур аз ордену медал ба Ватан баргаштанд. Далериву шуҷоати Бибола Рӯзиматов бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи I ва 11 медали ҷангӣ сарфароз гардонида шудааст.

Аз оташнишонӣ то бинокорӣ

Бибола Рӯзиматов баъди итмоми ҶБВ ба коргоҳи атласбофии шаҳри Хуҷанд ба кор медарояд. Сипас ҳамчун оташнишон дар колхози ноҳияи Деваштич ва дертар бо амри тақдир ба ДСМ (дастаи сайёри механиконида)-и сохтмончиён-34 ба кор даромада то ба нафақа баромадан дар он ҷо фаъолият мебарад.

"Соли 1947 ба Ватан баргашта ба кор шурӯъ кардем. Барои барқарорсозии иқтисодиёти кишвар бо тамоми қувва талош мекардем. Солҳои баъдиҷангӣ барои тамоми мардум давраи санҷиш ва заҳмати зиёд буд. Корхонаҳо ва хоҷагиҳо ба барқарорсозӣ ниёз доштанд. Аз ҳафтсола то ҳафтодсола барои ободии Ватан камари ҳиммат бастем. Бо рӯйи сурху сари баланд кор мекардем. Аз нав кишварамонро ҳам аз ҷиҳати иқтисоду ҳам аз ҷиҳати ҳарбӣ пурқувват сохтем",- гуфт қаҳрамони ҷанг Бибола Рӯзиматов.

Бибола Рӯзиматов соҳиби 7 фарзанд (ду нафарашон дар қайди ҳаёт нестанд), 30 набера, 50 абера ва 7 чабера аст. Имрӯзҳо ӯ дар ҳалқаи меҳру муҳаббати аҳли оила зиндагӣ мекунад. Наберааш Далерҷон Рӯзиматов ва ҳамсари ӯ Сурайё Турсунова бо эҳтирому ғамхории зиёд ӯро нигоҳубин мекунанд. Онҳо худро хушбахт меҳисобанд, ки хизмати чунин шахси рӯзгордидаву пуртаҷрибаро ба ҷо меоранд ва аз дуои неки ӯ баҳраманд мегарданд.

"Шукронаи сулҳи ватану Пешво кунед…"

Бибола Рӯзиматов мегӯяд, ҳар гоҳ рӯзҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватаниро ба ёд меорад, беихтиёр ба риққат меояд. Ӯ аз ҳазорон мардони ҳалокшуда, ҳамяроқони дар минаҳо таркида ва сарбозоне, ки аз тири душман ҷони худро аз даст додаанд, бо дард ёд мекунад. Аз ин рӯ, имрӯз аз тинҷиву оромӣ, аз зиндагии осуда ва дастурхони пурнозу неъмат шукрона мекунад.

"Шукронаи сулҳи ватану Пешвои миллат кунед. Бинед чихел дастурхони пурнозу неъмат дорем. Дар замони ҷанг чунин дастурхони шоҳона дар хаёли мардум набуд. Ҳама шабу рӯз ба "фронт" гуфта меҳнат мекарданд. Бар ивази меҳнати шабонарӯзӣ ду то нон мегирифтанду халос. Имрӯзҳо хони мардум пур аз нон аст. Аз ин рӯ, ба қадри ин сулҳ, ки бо баҳои андак ба даст наомадааст, ҳар нафас бояд шукр кард",- таъкид дошт пири рӯзгордида.

Бибола Рӯзиматов миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонад. Ӯ мегӯяд ҳамасола тӯҳфаҳои моливу пулии роҳбари давлат, раиси вилоят ва ноҳияро мегирад. Ҳамасола ба аёдаташ аз хонандагони мактаб сар карда, то сохторҳои гуногуни давлатӣ меоянд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД