Тариқи шабакаи иҷтимоӣ бо як духтар шинос шудам. Номаш Марҷона буд. Мо бо ҳам аҳди ишқу муҳаббат бастем. Ростӣ, ин духтаракро бо тамоми вуҷудам дӯст доштам, як рўз бо ў гап назанам, чизеро гум кардагӣ барин парешон мешудам.
Шабу рўз бо ҳам гап зада, хаёлан қасри бахтамонро месохтем, вале дар айни ҷӯшу хурӯши ишқу муҳаббатамон маро “облава” карда ба аскарӣ бурданд. Маҳбубаам тез-тез ба ман занг мезад ва “ман туро интизор мешавам” гӯён, гиря мекард. Суханони пурмеҳраш дили маро ба зиндагӣ гарм мекарданд.
Хулласи калом, ду соли хизмат паси сар шуду дар фикри зангирӣ афтида, Марҷонаро ба мулоқот даъват кардам. Омад. Дӯстдоштаамро қариб нашинохтам, рафтораш, либоспӯшиаш, тарзи гапзаниаш тамоман дигар буд... Аз он Марҷонаи шармгину хапаку тарсончак ва меҳрубон нишоне набуд. Вақти суҳбат чашмонаш ба ҳар тараф тоб мехӯрданд... Либоспӯшӣ, тарзи рафтору гуфтор, ороишаш, яъне тамоман ба ман маъқул нашуданд.
Намедонам чӣ кор кунам? Ӯ ҳам ду сол ба умеди ман шуд, чун пештара дар телефон бо ман меҳрубон аст, вале... ӯ касе нест, ки дар ҷустуҷӯяш будам.
Бинобар ин, ба ҳама ҷавонон маслиҳат медиҳам, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ зан наёбанд. Духтарро аввал дида, санҷида, баъдан аз пайи “дилёбӣ” шаванд...
ОРАЗ, ш. Хуҷанд