Sebiston new 2024 october
ҚАРЗИ ТӮЙ БОИСИ ФОҶИА ГАШТ
1182


Насруллохӯҷа Мунавваров, як муҳоҷири 45-солаи тоҷик барои қасди куштор бо ҳукми суди шаҳри Новосибирски Русия ба 7-соли зиндон маҳкум гашт.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ ин марди муҳоҷир шахси бегона не, балки духтари 20-солаи худашро аз ошёнаи 5-ум ба замин ҳаво додааст...

Насруллохӯҷа Мунавваров дар рафти тафтишот ва дар додгоҳ гуноҳи нисбаташ эълон шударо ба гардан нагирифта, гуфтааст, ки духтараш бо шавҳараш мушкилот дошт ва бо ҳамин сабаб қасди худкушӣ карда, худашро аз балкон партофтааст, вале аҳли оилааш бар зидди ӯ баёнот додаанд. Наздиконаш мегӯянд, дар асл падари хонадон аз ҳад зиёд шароб менӯшад ва дар ҳолати мастӣ худро идора карда наметавонад.

Ба навиштаи tsargrad.tv ҳодиса шаби 7 ба 8 майи соли 2023 рӯй дода, Насруллохӯҷа Мунавварови 44-сола дар ҳолати мастӣ дар хонаашон духтари 20-солаашро бераҳмона латтукӯб кардааст. Зани ҳамсоя садои доду фарёдро шунида ба имдод мешитобад, то ки духтарро аз зери мушту лагади падараш наҷот диҳад, вале мард дарро аз дарун маҳкам карда, шиканҷа додани духтарашро идома додааст. Духтар барои аз чанги падар наҷот ёфтан ба айвон давида, аз болои девораки айвон гузаштааст, ки шояд падараш бо дидани ин манзара ба худ омада, лату кӯбро бас мекунад,вале падари бераҳм аз дастони духтараш дошта, ӯро чанд лаҳза дар ҳаво муаллақ нигоҳ дошта, баъд ба замин ҳаво додааст.

Духтар аз ошёнаи панҷум афтида бошад ҳам, ба таври мӯъҷизавӣ зинда мондааст.

tsargrad.tv тафсилоти ҳодисаро аз забони шоҳидон нақл кардааст. Ҳамсояҳо гуфтаанд, ки Мунавваров дар асл марди мусалмон бошад ҳам, ҳар рӯз шароб нӯшида, дар кӯчаҳо масту аласт мегашт. Ҳамон рӯзи наҳс низ вай маст буд ва дар ҳолати мастӣ бо духтараш ҷанҷол карда, ӯро қасдан аз ошёнаи 5-ум ба замин партофтааст.
Манбаъ аз қавли яке аз хешовандони ин оила, ки номашро ифшо накардааст, менависад, ки сабаби асосии муноқишаи падару духтар қарзи тӯй будааст.

Гуфта мешавад, ки Мунавваров духтарашро зӯран ба марди намехостааш ба шавҳар дода, барои тӯй пули зиёдеро қарз гирифтааст, вале ситораҳои ҷуфти ҷавон бо ҳам рост наомада, ҷудо шудаанд. Мард аз он ки ҳам зиндагии духтараш вайрон шуд ва ҳам қарзи калоне ба гарданаш бор шуда монд, ба ғазаб омада, дар ҳолати мастӣ духтарашро аз ошёнаи 5-ум партофтааст.

Ҳамсояҳо гуфтаанд, ки ба бахти духтар дар ҳамаи 4 ошёнаи поёнӣ барои либосовезӣ тор кашида буданд ва ҳамин бандҳо шиддати афтидани духтарро ба замин пасттар карда, боиси зинда монданаш гаштанд.
Духтар зинда монда бошад ҳам, ҷароҳатҳои хеле вазнини ҷисмонӣ бардоштааст ва роҳ гашта наметавонад, вале дар рӯйи хона бо зону роҳ гардад ҳам, аз гуноҳи падараш гузаштааст.

Суд падари бераҳмро ба мӯҳлати 7-сол аз озодӣ маҳрум намудааст. Мунавваров бояд мӯҳлати ҷазоро дар каллонияи низомаш сангин пушти сар намояд, вале аҳли оила ва духтараш талош доранд, ки ба мақомотҳои болоӣ ариза навишта, ӯро озод кунанд ё ақаллан ҷазои таъиншударо камтар созанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД