Arzon march 2024
Ҷасади муҳоҷири тоҷик пас аз се моҳ пайдо шуд
4704

Як муҳоҷири тоҷик, ки се моҳ беному нишон гашта буд, пас аз об шудани барфҳои ҷангал, дар канори шаҳри Долгопруднийи вилояти Маскав пайдо шудааст.

Пас аз пайдо шудани ҷасад, шахсияташ маълум шуда, ӯ Озодбахш Шодиев мебошад ва се моҳ пеш гум шуда буду барои пайдо карданаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон гузошта буданд.

Кормандони пулис баъди ҷасадро пайдо кардан, бо ҳамдеҳагони ин муҳоҷири фавтида, ки бо ӯ дар як ҳуҷра зиндагӣ мекарданд, дубора бозпурсӣ намудаанд.

Тавре ҳамдеҳагонаш гуфтаанд, ҷасади ин муҳоҷири тоҷикро як сокини ин маҳалла, ки бо сагаш сайр гашт мекард, пайдо карда, ба кормандони пулис хабар додааст. Ҷасадро аз онҷое пайдо карданд, ки Озодбахш рӯзи 13 декабри соли 2021 гум шуда буд.

“Эҳтимол меравад, ки ҷасадро баъдтар оварда, дар инҷо зери барф карда бошанд. Чунки се моҳ пеш бачаҳо инҷоро кофта буданд, ягон ҷасад наёфтанд”, -гуфтааст, як ҳамсуҳбати сомонаи “Бомдод.

Айни ҳол бародар ва домоди Озодбахт Шодиев дар пайи таҳияи ҳуҷҷатҳо ва расмиёти дигаранд, то ҷанозаи марҳумро барои дафн ба Панҷакент бифиристанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД