Arzon march 2024
Ашӯрбек Сағиндиков: Дар бозор тоҷику қирғиз гуфтанӣ гап нест
3681
Ашӯрбек Сағиндиков: Дар бозор тоҷику қирғиз гуфтанӣ гап нест

Дар ҷумъабозори ноҳияи Лахш тоҷикону қирғизтаборон паҳлӯи ҳам хариду фурӯш мекунанд. Ҷумъабозор ҳудуди 80 дӯкон дорад ва онҳо миёни намояндагони ин ду миллат тақсим шудаанд.

То баста шудани марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон шаҳрвандони Қирғизистон низ барои хариду фурӯш ба ин бозор меомаданд. Акнун се сол аст, ки марзҳо бастаанд ва аз Қирғизистон ба ин бозор мол намеояду аз бозор низ ба Қирғизистон коло намеравад.

Дар ноҳияи наздимарзии Лахши Тоҷикистон, ки бо вилояти Ӯши Қирғизистон ҳаммарз аст, чанд бозор фаъолият мекунад. Ҷумъабозори “Сомон Саидбурҳон” аз ҷумлаи чунин бозорҳои муштарак аст.

То баста шудани марзи ду кишвар ҷумъабозор барои сокинони ноҳияи Лахш фоидаи зиёде меовард. Зеро бештари муштариҳои бозор сокинони вилояти Ӯши Қирғизистон буданд, ки картошкаи ноҳияи Лахшро аз ҷумъабозор мехариданд. Он замон аз назди майдони марказии ноҳия то вилояти Ӯш ва ҳатто шаҳри Бишкек худравҳо равуо мекарданд.

Ба ҷуз аз харидории картошка, шаҳрвандони Қирғизистон ба ин бозори Тоҷикистон бор меоварданд ва маҳсулоти дигарро мехариданду ба кишвари худ мебурданд.

Яке аз тоҷирони бозори мазкур дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, дар минтақаи Лахш бо вилояти Ӯши Қирғизистон як маротиба муноқиша рух дод.

“Вазъ дар сарҳад ором аст. Мо як маротиба шоҳиди муноқиша шудем. Баъди он ки марзҳо баста шуданд рафту омади сокинон аз ҳар ду ҷониб қатъ гардид”, - гуфт ӯ бе зикри ном.

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, бозори мазкур қаблан макони вохӯрии сокинони ду кишвар буд. Ба нақли вай, аз баста шудани марзҳо онҳое зарар диданд, ки дар бозор тиҷорати муштарак бо шаҳрвандони Қирғизистонро доштанд ва муштариҳои асосиашон шаҳрвандони кишвари ҳамсоя буданд.

Ашӯрбек Сағиндиков аз фурӯшандагони қирғизтабори бозор аст. Вай дар ноҳияи Лахш зиндагӣ мекунад. Сағиндиков пеш аз таъсиси бозори “Сомон Саидбурҳон” дар бозори марказии ноҳияи Лахш кор мекард. Ин сокини қирғизтабори Лахш кулоҳҳои мардона, матоъ ва пойафзол мефурӯшад. Вай соҳиби шаш фарзанд аст ва зиндагиашро аз ҳисоби ҳамин дӯкон мечархонад.

Дар бозор на танҳо мардон, балки занон низ кор мекунанд. Соня Абдуллоеваи қирғизтабор соли 1993 дар ноҳияи Шаҳритус, дар ҷануби Тоҷикистон, таваллуд шудааст. Хонаводаи вай дертар ба ноҳияи Лахш кӯчиданд. Соня то синфи 9 дар мактаби қирғизӣ ва ду соли дигарро дар мактаби тоҷикӣ таҳсил кард. Шавҳари Соня тоҷик аст ва онҳо се фарзанд доранд.

Шавҳари Соня муҳоҷир аст ва барои пайдо кардани музд ба Русия ба мардикорӣ меравад. Соня се сол пеш ба шавҳараш пешниҳод кардааст, ки дар ҷумъабозор дӯкон кушоянд.

Тӯрабек Қосим тоҷик аст. Ӯ дар ҷумъабозор пойафзол мефурӯшад. Дӯкони вай миёни мағозаҳои қирғизтаборон ҷойгир аст ва дӯстону муштариҳояш низ асосан қирғизтаборонанд. Ӯ мегӯяд, дӯстиву ҳамкорӣ бо онҳо барояш писанд аст ва ҳеҷ бегонагиеро эҳсос намекунад.

“Ин ҷо бештари аҳолӣ хешу таборанд. Мо аз қирғизҳо духтар гирифтаву ба онҳо духтар додаем. Дар бозор ҳам ҳамкорони зиёдамон қирғизанд. Муштариҳо низ қирғизтаборанд. Бегонагӣ ё ҷудокунии миллатҳо вуҷуд надорад”, - гуфт ӯ

Тоҷирони бозори ноҳияи Лахш умед доранд, ки масъалаи марз байни Тоҷикистону Қирғизистон ба зудӣ ҳал шавад ва марзҳоро ба рӯи шаҳрвандон боз кунанд, то ин ки онҳо дубора бо ҳамдигар хариду фурӯш кунанд.

Ҷумъабозори “Сомон Саидбурҳон” ҳафтае як маротиба рӯзҳои ҷумъа ташкил мешавад. Харидорону фурӯшандаҳо аз саросари минтақаҳои водии Рашт ба ин бозор меоянд.

Мирсаид САТТОРИЁН,

Раҷабалӣ МАҲМУДОВ,

Душанбе – Лахш - Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД