formula
Қирғиздухтаре, ки дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ғолиб шуд
1300
Қирғиздухтаре, ки дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ғолиб шуд

 

Маҳина Исоқова соли 2022 дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷойи ифтихориро соҳиб шуд.

Ин хонандаи қирғизтабор дар озмуни мазкур бо забони тоҷикӣ иштирок карда, беш аз ҳазор байт аз ашъори шоирони тоҷик аз ёд гуфт.

Маҳина имсол дар синфи 6-ум таҳсил дорад. Ӯ дар деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом таваллуд шуда, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр мехонад. Роҳбари синфаш Ҳилола Рӯзиева, ки тоҷик аст, лаёқату дониши ӯро дида, Маҳинаро ба шогирдӣ гирифт ва ба ин озмун омода кард.

Муаллима аз рӯи адабиёти тавсиявӣ китобҳои даркориро пайдо карда, бо хонандааш якҷоя мехонанду шеъру достонҳояшро азёд мекарданд. Натиҷаи кори онҳо самар дод ва Маҳина соҳиби сертификати ин озмун шуд.

Бо пайравӣ ба Маҳина хонандагони дигари тоҷику қирғизтабори мактаби деҳа низ мехоҳанд ба чунин озмунҳо раванд, зеро ин хонандаи фаъол роҳи онҳоро ба сабқатҳои ҷумҳуриявӣ кушод. Ин аст, ки имсол 10 хонандаи мактабе, ки Маҳина дар он таҳсил мекунад, дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок карда истодаанд.

Маҳина аз ин ҷоизааш қонеъ нест ва мехоҳад забону адабиёти адабиёти тоҷикро бештару беҳтар аз худ карда, дар оянда ҷойи аввалро сазовор шавад. Дар баробари ашъори адибони тоҷик ӯ ба адабиёти қирғиз низ таваҷҷуҳ дорад ва бо ин забон шеъру достонҳо медонад.

Маҳина ва омӯзгоронаш тасмим доранд, ки бо истифода аз таҷрибаи ӯ аз иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмун ӯ хонандагони дигар роҳнамоӣ намуда, барои ҷалби ҳамсолонаш ба омӯзиш ва фаъолият дар корҳои ҷамъиятиву озмуну олимпиадаҳо машғул шавад. Худаш мехоҳад п аз хатми мактаб муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик шуда, кор кунад.

Деҳаи Санҷидзор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир аст. Дар ин деҳа айни ҳол наздики 1000 нафар истиқомат мекунанд, ки тақрибан 90 дарсади аҳолиро қирғизтаборон ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи Бурҳониддин Ҷабборӣ, сардори Раёсати маорифи шаҳри Конибодом, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 фарзандони тоҷикон ва қирғизҳо таҳсил мекунанд. Таълим бо забони тоҷикӣ ҷараён дорад. Шогирдони таълимгоҳ ба мисли дигар хонандагони мактабҳои шаҳр дар чорабинӣ ва озмунҳои мухталиф ширкат меварзанд. Омӯзгорон давоми фаъолияти кории худ садҳо шогирдро таълим додаанд ва боре миёни он баҳс вобаста ба миллат набуду нест.

Бино ба маълумоти расмӣ, ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор қирғизтаборон зиндагӣ мекунад. Онҳо асосан дар ноҳияҳои Лахш, Мурғоб, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва шаҳрҳои Конибодому Исфара истиқомат доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД