Arzon march 2024
Аскар Ҳаким: Духтари ҳамсоя оғӯшамро гарм мекунад
3616

 

-Устод, мухлисони шеъратон дар бораи зиндагии шахсии Шумо бисёр пурсон мешаванд, агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки бо ҳамсаратон чи гуна шинос шудед?

-Ман ҳамсарамро аз овони бачагию ҷавониям мешинохтам, чунки ӯ дар ҳамсоягии мо зиндагонӣ мекард. Хулқу атвораш писандам буд, аз ин рӯ, пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ-дипломӣ, ки дар донишгоҳи Ломоносови шаҳри Москва сурат гирифт, ба ватан омада, иродаамро ба волидонам фаҳмондам. Онҳо ба хонаи ҳамсоя рафта, бо мувофиқа духтари ҳамсояро пойбанд карданд.
-Тарафи қудо хостгории шуморо чӣ гуна қабул карданд?
-Баръакс, онҳо аз ташрифи волидонам бисёр хушнуд гашта, фотиҳа доданд ва ману ҳамсарам бо дуои эшон ва расму оини маъмулии тоҷикона оила бунёд намудем.

вмымвымывыв

-Росташро гӯед, ба гӯши духтари ҳамсоя ғазалҳои ошиқона хонда дилашро ёфтед ё ...?
-Ману духтари ҳамсоя ҳамдигарро хуб мешинохтем, вале боре ҳам дар бобати ишқу муҳаббат ҳарф назада будем. Аниқтараш ман ҳеҷ ҷуръат намекардам, ки диламро ба ӯ кушоям. Ризоият ва дуои волидайн моро хушбахт гардонд.

-Ҳамсаратон чӣ кораанд?
-Баъди хонадоршавии мо хонумам ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе дохил шуда, факултаи забон ва адабиётро хатм кард ва чандин сол ба сифати рӯзноманигор дар рӯзнома ва муҳаррир дар нашриёт хидмат намуд.

-Муъҷиза рӯй дода аз нав ҷавон шавед, боз ҳамин ҳамсаратонро интихоб мекардед ё на?
-Ману ҳамсарам соли 1977 хонадор шуда, 41 соли умри хешро паҳлӯи ҳам сипарӣ намудем ва ягон лаҳза ман аз он ки бо ин бону хонадор шудам, эҳсоси пушаймонӣ накардаам. Сад бори дигар ҷавон шавам ҳам, боз ба духтари ҳамсоя ошиқ мешавам.

-Фарзандонатон пайрави падар гаштанд ё модар?
-4 духтари фаришта дорам. Се духтарам маълумоти олӣ доранду соҳиби вазифаҳои баландпоя ҳастанд, духтари хурдиям Париноз донишҷӯи соли аввал дар шаҳри Чехия мебошад. Рухшонаи Аскар судя, Тахминаи Аскар ду маълумоти олӣ дорад ва айни ҳол дар ООН кор мекунад, Парвин факултаи ҳуқуқшиносиро ба итмом расонида, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Миллӣ фаъолият намуда истодааст.

-Фарзанд бодому набера мағзи бодом мегӯянд. Аскар Ҳаким соҳиби чанд набера аст?
- 7 набера дорам, 2 духтару 5 писар. Набераҳоямро аз ҷонам бештар дӯст медорам ва ҳамеша дуо мекунам, ки номбардори Ватан гарданд.

-Шеъре доред, ки маҳз ба ҳамсаратон бахшида шуда бошад?
-Бале дорам ва ин шеърро манзури хонандагони азиз мегардонам:

БА ТУ ИМШАБИ БАҲОРОН…

Ба ту имшаби баҳорон ҳама сабзу гулфишонам,
Ки ту чун баҳор созӣ тару тоза ҷисму ҷонам.
Ту ба шаҳри тирарӯйе, ки бувад ғуборолуд,
Бикушойӣ аз рухи худ рухи ҳафт осмонам.
Бикунӣ пур аз муҳаббат ту заминаву замонам,
Бикунӣ пур аз муҳаббат ҳама ину он ҷаҳонам.
Ту зи чашмаи лабонат ҳама шаб ба ман диҳӣ об,
Дами субҳ боз бинӣ лаби хушки ташнаҷонам.
Дилу ҷону ҳастии ман ҳама умр ташнаи туст,
Бувадаш агар такопӯ, ба раҳи ту дар такопӯст.
Зи хумори чашмҳоят шиканад хумори ҷонам,
Чу манам зи чашми ту дур, ғами дил ҳама тагорӯст.

Ту на дилбари ман астӣ, дили дар бари ман астӣ,
Ту на ҳамсари ман астӣ, сару сарвари ман астӣ.
Сари ман, агар ту бошӣ, сару бар дигар нахоҳам,
Ба самои бахту толеъ маҳу ахтари ман астӣ.
Ту агар ба хилвати дил ғами ман нуҳуфта бошӣ,
Ту кунун чу шохаи гул ҳама тан шукуфта бошӣ.
Ман агар зи шавқи рӯят ду ҳазор шеър гӯям,
Ту вале ба дафтари ман ғазали нагуфта бошӣ.
Мани бе ту бенишонам, чу ту худ нишонам астӣ,
Ту агарчи бахти сабзӣ, ғами ҷовидонам астӣ.
Ва агар ки ошиқӣ худ чу атову чун бақо аст,
Ту атои ҷонам астӣ, ту бақои ҷонам астӣ…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД