arzon replenishment
АСРОРИ «ШУБА»-И ФАЙЗИГУЛИ ЮСУФ
1742


Сарояндаи шинохтаи ҷумҳурӣ Файзигули Юсуф дар баробари садои дилнишин дштанаш ҳамчунин ҷавонзани бо дасту панҷа ва модари меҳрубон аст. Файзигул 5 фарзанд дорад ва ба серкору серташвиш буданаш нигоҳ накарда, ҳамеша кӯшиш мекунад барои фарзандону наберагонаш хӯрокҳои болаззат ва шириниву хӯришҳои рангоранг тайёр намуда хотири онҳоро шод гардонад. Мо аз ин бонуи зебову ҳунарманд хоҳиш намудем, ки сирри хӯриши хуштамъи “Шуба”-ро ба муштариёни сомонаи Оила. ТЧ кушояд.

Маҳсулоти лозима1) Моҳии “Селедка”- 250гр
2)Замбуруғи навъи “Шампиньон” – 200гр
3)Пиёз – 1 дона
4) Тухми мурғ – 4 дона
5)Картошка - 3 дона
6) Сабзӣ - 2 дона
7) Равғани растанӣ– 20 мл
8) Майонез – 250 гр

Картошка ва сабзиро аввал шуста, баъд 20-25 дақиқа дар об ҷӯшонед. Тухми мурғро низ 20-дақиқа дар ҳарорати на он қадар баланд, дар об ҷӯшондан лзим аст. Барои он, ки тухм хуб аз пӯсташ ҷудо шавад, баъди ҷӯшондан тухмҳро чанд дақиқа дар оби хунук нигоҳ медорем.

Пиёзро шуста ба таври чоркунҷа реза кунед. Тобаро гарм карда ба он каме равғани расрастанӣ резед, сипас пиёзи резакардаатонро андохта то тиллоранг шуданаш зирбонед. Замбурӯғҳоро низ шуед ва мисли пиёз реза кунед, баъдан онро ба пиёзи бирёншуда ҳамроҳ карда зербонед. Аз моҳичаҳо пӯст ва устухончаҳоро ҷудо карда, ҷоркунҷа реза кунед. Баъди пухтани замбуруғ ва пиёз картошкаву сабзии омодашударо якҷоя кунед. Тухмро чоркунҷа реза карда ба табақча аввал майонез молед, баъд маҳсулоти омодашударо қабат ба қабат боли ҳам чинед. Албатта ба ҳар қабати хӯриш майонез молиданро фармӯш насозед. Хӯришро бо зардии тухми ҷӯшондашуда ороиш диҳед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД