Formula september
Асрори зиндагии Пӯлод Алендор
3207

Даричаи ошноӣ:

Наҷот Шашмаз 15 декабри соли 1971 дар наздикиҳои шаҳри Анқараи давлати Туркия ба дунё омадааст.

Наҷот пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба бахши туризм месупорад, вале истеъдоди худододаш мисли чашмаи софу зулоле, ки дили сангҳои хороро шикофта мебарояд, ҷӯш зада, билохира ӯро ба олами ҳунар овард. Наҷот дар радифи нақшофарӣ боз чандин шуғлҳои дӯстдошта дорад. Вақти холигӣ ёбад, ҳатман коғазу қалам ба даст гирифта шеър менависад. Шеърҳояш олӣ бошанд ҳам, намехоҳад онҳоро дар ягон ҷо чоп кунад, зеро танҳо барои тасаллии дили худ шеър мегӯяд. Шашмаз инсони бо имон аст ва эътимоди қавӣ дорад, ки шуҳрати ба даст овардааш аз меҳрубонии Худованд аст. Аз хӯрданиҳо панирро дӯст медорад.

 Марди сафар

Наҷот ду донишгоҳи бонуфузи Канадаро хатм намуда, муддати чанд сол дар Амрико бо тиҷорат машғул буд. Соли 2001 ба Туркия баргашт. Волидонаш, ки ҳаводиси 11 сентябрро тариқи телевизион тамошо карда ба даҳшат афтида буданд, дигар ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозати ба Амрико бозгаштанро ба Наҷот надоданд ва ӯ маҷбур шуд аз баҳри зиндагии пуршуру шари амрикоияш гузашта, дар Туркия бимонад.

Дӯстонаш хабари ба Ватан бар гаштани Наҷотро шунида ба дидорбинӣ меомаданд. Шоме дар чунин як нишасти дӯстона яке аз рафиқонаш ба Наҷот пешниҳод кард, ки дар филми навӣ ӯ нақш бозад. Наҷот ин пешниҳодро ҳазли дӯстона пиндошта аз таҳти дил хандид, зеро бародараш коргардони машҳур бошад ҳам, ягон бор чунин пешниҳод накарда буд. Наҷот ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки аз вай барин як бизнесмени фикру хаёлаш танҳо бо пул банд актёр мебарояд, вале рафиқонаш ба ҷону ҳолаш намонда, талқин намуданд, ки як бор худашро дар синамо санҷад. Наҷот шӯхӣ ба шӯхӣ сенарияи филмро аз дасти дӯсташ гирифт.

 «Водии гургон»

Наҷот то даидани субҳ ҳатто мижжа таҳ накарда сенарияро хонд. Ҳодисаҳои пурпечутоби филм он қадар ӯро ба гирдоби худ кашиданд, ки чи тавр дамидани сапедаро нафаҳмида монд. Ба ӯ махсусан номи филм “Водии гургон”писанд омада буд. Вақти ношто дар сари миз ба бародараш гуфт, ки мехоҳад нақши Пӯлод Алендорро бозад ва табассуми тамасхуромезро дар лабони коргардони мушоҳида намуд. “Офаридани чунин қаҳрамон кори саҳл нест. Ҳар як нигоҳ, ҳар як мимика, ҳар як сухани Пӯлод Алендор бояд як ҷаҳон маънӣ дошта бошад, аз уҳдаи бозидани ин нақш ҳатто актёрҳои профессионалӣ баромада наметавонанд, чи ҷойи ту барин бизнесмен” –табассуми бародари коргардонаш тақрибан чунин маънӣ дошт, вале ин тамасхур иродаи қавии Наҷотро шикаста натавонист. Наҷот аллакай ба худ қарор дода буд, ки қаҳрамони орзуҳои миллат-Пӯлод Алендорро меофарад ва барои ин вай тайёр буд ҳафтаҳою моҳҳо нахобад...

 Шӯҳраи олам

Наҷот то ба мақсад нарасад,орому қарор намегирад. Барои ба ҳадаф расидан вай тамоми ҳастиашро ба кор мебахшад. Талошу ҷустуҷӯҳои ҳунарманд самари дилхоҳ доданд. Баробари ба фурӯш баромадани “Водии гургон” номи Наҷот Шашмаз аз ёдҳо рафт ва ба ҷойи он Пӯлод Алендор пайдо шуд. Акнун ҳатто дӯстони наздикаш Наҷотро дар кӯча Пӯлод гӯён садо мекарданд.

 Шарти актёри серхаридор

Сериали “Водии гургон” натанҳо дар Туркия, балки дар нисфи дунё тамошобин пайдо кард. Акнун тез-тез журналистон аз шабакаҳои машҳуртарини олам ба суроғи Наҷот Шашмаз омада аз рӯзгори “Пӯлод Алендор” барномаҳои ҷолибу рангин таҳия менамуданд. Пӯлод Алендор Наҷотро чунон машҳур кард, ки аз сараш борони сенария меборид. Аз ҳар гӯшаи дунё коргардонҳои машҳуртарин ба Наҷот занг зада, ӯро барои ҳамкорӣ дар филмҳои нав ба навашон даъват менамуданд, вале Шашмаз дар назди ҳар як киноматографист шарт гузошта мегуфт: “Филматон характери фашистӣ ва зӯроварӣ дошта бошад, беҳтараш ба умеди бо ман шартнома бастан нашавед. Ман дар филмҳое, ки бадкирдоронро меситоянд, нақш намебозам!”

 Ҳадафи тири душманон

Нақши Пӯлод Алендор ба Наҷот Шашмаз шуҳрату маҳбубият оварда бошад ҳам, ин ҷавони ҳунармандро душмандор кард. Пас аз ба фурӯш баромадани “Водии гургон” Наҷот дигар осуда зиста наметавонист. Мухолифони ҳукумат барои бо воситаи “Водии гургон” сирру асрори онҳоро фош намуданаш актёрро бад дида, пайти муносиб меҷустанд, то ба вай зарар расонанд. Наҷот маҷбур шуд, ки муҳофиз гирад, зеро дар сари ҳар як қадам душмане аз рӯ ба рӯяш баромада метавонист. Ба ин ҳама эҳтиёт ва ҳушёрӣ душманон чандин маротиба қасди ҷони ҷавонаш намуданд. Ягона актёре, ки ба танаш панҷ тир хӯрда намурдааст, офарандаи нақши Пӯлод Алендори машҳур Наҷот Шашмаз мебошад.

 


Ин туфлиҳоро ба ту кӣ гирифт? Тағоят? Бачаҳои худаш пои лучу ба ту туфлӣ гирифтааст?! Канӣ туфлиҳоро оварда тез ба ин ҷо мон, сағераи бепадар…

oQzu1V8KDyy0eQj62Te4eOTyprG1XMinCgz4iA35_1


 

 

 

 Арӯси хушбахт                        

Бонувони гуногун аз гӯшаю канори мухталифи олам дар ҳасрати оғӯши Пӯлод мисли шамъ сӯхта обу адо мешуданд, вале Наҷот аз байни ҳазорон-ҳазор нозанинҳо танҳо Нагеҳанро интихоб намуд. Моҳи декабри соли 2012 маросими издивоҷи домоди орзуҳои сайёра ва арӯси хушбахташ Нагехан Кашикчӣ бо тантана ва шукуҳу шаҳомати беназир баргузор гашт. Меҳмонони олиқадр аз ҳар гӯшаи дунё барои табрики навхонадорон омада, ҳатто дар рӯзи тӯйи домодиаш Наҷот Шашмазро Пӯлод Алендор меномиданд.

 Ҳунарманди миллионер

Нагехан Кашикчӣ дар ҳақиқат хушбахттарин арӯси олам аст, чунки Худованд машҳуртарин ва бойтарин домоди Туркияро насибаш гардонидааст. Дар Туркия номи Наҷот Шашмазро дар радифи сарватмандтарин сокинони кишвар ба забон мегиранд. Наҷот ба ғайр аз даромади калони аз филми “Водии гургон” ба даст овардааш боз чандин ширкатҳои тиҷоратии муваффақ дорад ва бо меҳнати ҳалол соҳиби бӯстонсарову қасрҳои бошукуҳ ва ҳатто меҳмонхонаҳои шахсӣ гаштааст. Бо ин ҳама дороӣ марди булҳавасу духтарбоз нест, ҳамсараш Нагеҳанро аз сидқи дил дӯст медорад ва ба духтарони хомхаёле, ки зандориашро дидаю дониста ба вай изҳори муҳаббат мекунанд, бо чашми нафрат менигарад.

Рустам Азими 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД