Arzon april 2022
Аҷузаҳои доирабадаст
925

 

Мурод ҳангоми пахтачинӣ ҳис кард, ки касе аз қафояш назорат дорад. Бо тарс ба пушташ нигариста, дид, ки ҳамсабақонаш баҳузур пахта мечинанд. Ӯ акнун боҷуръаттар ба пахтачинӣ машғул шуд...

…Чаро ман ин қадар тарсӯям? Худро ҳамеша ноҳинҷор эҳсос мекунам. Дар хобам аз ин се кампир халосӣ надорам. Дар бедориам бошад, онҳо доира зада, рақскунон маро ба наздашон даъват менамоянд. Аҷоиб, ин чӣ бало бошад?

Мурод боз бо тарс ба қафояш нигарист. Диду дар ҷояш шахс шуд. Яке аз кампирҳо бо чашмони олус ба ӯ менигарист. Инро дида, беихтиёр дод зад. Ҳамсабақон садояшро шунида, давида наздаш омаданд:

- Чӣ гап шуд Мурод? Ягон каждум газид чӣ, - пурсиданд онҳо якҷоя.

Мурод мисли барги бед дарақ-дарақ меларзиду ба пурсиши рафиқонаш чизе гуфта наметавонист. Устоди донишгоҳ давида омаду, аз китфони ҷавон дошта, ӯро сахт такон дод ва пурсид:

- Ҳа, Муродҷон. Саломатиат хуб аст?

- Мешавад, - ба зӯр ҷавоб дод Мурод.

Духтури деха Муродро ором карда, ба ӯ сузандору гузаронд. Ӯ акнун худро беҳтар ҳис мекард, вале, ҳамоно нигоҳҳои ғазаболуди се кампири албастӣ аз пеши назараш дур намешуданд.

Бегоҳӣ ӯро устодон ба хонаашон ҷавоб доданд. Модари меҳрубонаш рӯи сап-сафед кандаи ӯро диду хавотир шуда, пурсид:

- Ҳа, бачаҷон, ягон ҷоят дард мекунад?

- Не очаҷон, аз пахтачинӣ хаста шудам.

- Ҳозир як хӯроки гармат мепазам, мехӯриву хоб мекунӣ. То субҳ ҳамаи хастагиҳоят нест мешаванд.

Мурод базӯр як коса райҳоноби пухтаро хӯрду дарҳол хобаш бурд, вале соати 3-и шаб тарсида, аз хобаш бедор шуду рост ба ҳавлӣ баромад. Гӯё касе ӯро даъват карда бошад, сӯйи оғил равон шуд. Буққаи зардашон беист овоз мебаровард.

Мурод ба оғил даромада, он ҷо боз ҳамон се пиразанро дид. Диду аз тарс забонаш гирифт. Пиразанҳо аз дастонаш гирифта, ӯро гирди буққаа тоб дода, ба рақс даромаданд.

Мурод аз тарс на рақсида метавонисту на гап зада. Ҳатто дар шимаш шошид. Ин дам пиразанҳо аз мӯйҳояш кашола карда, бо навбат ҳамроҳаш рақс мекарданд. Ӯ доду фарёд бардошта, “очаҷон” гӯён дод мезад. Аввал модар ва баъд падараш давида баромаданд. Онҳо Муроди дар оташ сӯхтаистодаро дида, талхакаф шуданд. Ҳамсояҳо уд ба ёрии таъҷилӣ ва сӯхторхомушкун занг заданд. Мошини ёрии таъҷилӣ омаду Муроди дар дами марг қарордоштаро гирифта бурд. Модари ҷигарсӯхта болои сари писар рост истода, дод мезад. Ниҳоят камтар ором шуду аз писараш пурсид, ки чаро ӯ худро оташ зад.

- Магар аз мо ягон сухани баде шунидӣ, бачаҷон?

- Не.

Мурод канда-канда ба модар асли воқеаро нақл кард. Вале, зан ин суханони писарро ҳарзаи руҳӣ гумон карду аз дил гузаронид, ки шояд Мурод ба ягон ҳодисаи нохуш дучор шуда бошад.

Писар давоми 7 рӯз сахт азоб кашида, мисли кӯдак аз ҷароҳатҳои бардоштааш фиғон мебардошт. Ӯ Худоро зорӣ мекард, ки ба ҷойи ин қадар азоб зудтар ҷонашро гирад. Модар тамоми дороиашро фурӯхта, писарашро табобат карданӣ шуд, вале марг ӯро аз панҷаҳои хеш раҳо карданӣ набуд. Бача дар пеши чашмони модар соат ба соату дақиқа ба дақиқа об мешуд. Дар дами марг ҳам Мурод боз он пиразанҳоро ба ёд оварда, пайваста аз модараш хоҳиш мекард, ки аз онҳо дур гардад.

- Очаҷон, ту ба ин аҷузаҳо наздик нашав, ки ба ту ҳам зарар мерасонад.

Модар “хуб” гуфту рафта, духтури навбатдорро ҷеғ зад. Аммо, то расидани модару духтур Мурод бо дили пур аз орзуву ҳавасҳои ношикаста ин дунёро падруд гуфт.

Модари бечорааш баъди марги фарзанд ҳар субҳ субҳона пухта, ба сари қабри бачаи номуродаш мерафт. Аҳли деҳа ӯро девона пиндошта, мегуфтанд:

- Бечора Муслима аз ғами фарзанд ба ҷунунӣ расидааст.

Муслима суханони писарашро ба ёд меоварду боз ҳам бештар афсӯс мехурд, чунки ӯ ҳам акнун ин кампирҳоро медид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД