arzon november
Қайсингил-душмани ҷони янга?!
10.01.2022
Zebo
507

Аксарият келинҳои тоҷик шиква аз хушдоман надошта бошанд ҳам, аз қайсингилҳояшон шикоят доранд. Ба гуфти онҳо хоҳаршӯйҳояшон дар ҳар шишту хези келин айб ҷуста, бародарашонро ба муқобили ҳамсараш мешӯронанд. Оилаҳое ҳастанд, ки маҳз аз рӯи қайсингилҳо вайрон ва фарзандонашон зиндаятиму дарбадар гаштаанд.
Чаро хоҳаршӯй наметавонад бо келини хонадонашон созиш намояд?
Барои чӣ янгаву қайсингил душман мешаванд?
Бо ин суолҳо мо ба чанд тан раҳгузарон муроҷиат намудем.

Фатҳулло Қувватов:
Духтарамро қайсингилҳояш бева карданд
Ман як чизро намефаҳмам, мардуми мо худашон ба дари хонаи духтардор хостгорӣ рафта бо ваъдаҳои осмонӣ духтарашро келин карда меоранду баъд аз ӯ душман месозанд, гӯё арӯс писарашонро ба зӯрӣ кашида гирифта бошад! Зиндагии духтари ман айнан чунин шуд. Қайсингилҳояш аз рӯзи аввал ӯро бад диданд ва оқибат шӯрандозии онҳо боиси бадбахтии оилаи ҷавон гашт. Хонаи духтарамро вайрон карданд апаву хоҳарони шавҳараш. Духтарам мегӯяд, ки қайсингилҳояш мудом аз зери нохун чир кофта, ба хӯроки пухтааш ҳам айб мемонданду ба хонаи рӯфтаю либоси шустааш ҳам, хулоса коре мекарданд, ки шавҳараш ӯро занад. Борҳо баъди муноқишаҳои оилавиашон духтарам гирёну нолон ба ман занг зада шиква карда буд, вале ҳар дафъа ӯро насиҳат мекардам, ки сабр кунад, меваи сабр ширин аст. Гумон доштам, ки ягон рӯз ақли қайсингилҳояш ба сарашон мезанад, лекин одам нашуданд. Дафъаи охири бо балвои хоҳаронаш духтарамро мурданивор задани шавҳараш косаи сабрам лабрез гашту домодро лагадкӯб карда, маҷбураш намудам, ки талоқашро диҳад. Ҳамин тавр духтарам дар 22 солагиаш бева шуд. Касе мегӯяд, ки қайсингил душмани ҷони янга аст, рост мегӯяд.

Тавҳида:
Келинамон бисёр чатоқ аст!
Келинҳои ҳозира бе айб нестанд, кори фармудаи хушдоманро дар вақташ намекунанду боз забонашон дароз «кампир, писарашро шӯр меандозад» гӯён, аз худ мӯсичаи бегуноҳ метарошанд. Келини худамон ҳамин хел одам аст. Бисёр чатоқ аст. Чатоқ ба маънои опасний. Бо қошу қавоқи гирифта, иллату ситезакунон базӯр ягон хӯроки хому нимхом мепазаду баъд «ман рӯзи дароз хар барин кор мекунам» гуфта, дар назди шавҳараш аз худ духтари коргару чаққон метарошад. Лаҷоми акаамро чунон ба дасташ гирифтааст, ки мур гӯяд, мемурад. «Ман ҳомиладор шудаам, дилам бифштексу мурғбирён мекашад гуфта шавҳарашро маҷбур мекунад, ки чор сум пули бо меҳнати зор ёфтаашро сарфи харидани хӯрокҳои бомазза аз тарабхонаҳо намояд. Ман, ки хоҳар ҳастам, дилам ба меҳнати акаам месӯзад. Занаш ба ҷойи аз ресторан қайлакабоб заказ кардан худаш ягон хӯроки бомаза пазад, ки ҳама аҳли оила хӯрда сер шаванд, магар беҳтар нест?! Барои вайрон нашудани зиндагии бародарам дандон ба дандон гирифта сабр карда истодаем, набошад кайҳо худам аҷали келинро медодам! Ман ба ҷойи акаам мебудам, талоқашро дода, ягон духтари ҳунарманд ва сарфакорро ба занӣ мегирифтам. Афсӯс, ки мард нестам-дия!

Абдураҳмон Қосимов:
Мард, агар лаҷоми занро кашад…
Ин суолро додеду як ҳодисаи чанде пеш рӯйдода ба ёдам расид. Рӯзе ба хона омадам, ки келину духтарам рӯканаку мўйканак доранд. Мӯйи сари духтарамро дар панҷаи келини шаттоҳам дида, онҳоро дашномкунон аз ҳам ҷудо кардам, вале ҳамоно даҳонашонро ҷамъ накарда, мисли хурӯсҳои ҷангӣ ба якдигар ҳуҷум кардан мехостанд. «Ту маро дар ин хона чашми дидан надорӣ» мегуфт келин, духтарам бошад «ту чизу чораи маро дуздидӣ» гӯён, ситеза мекард. Ҳамсарам на тарафи духтарамро мегирифту на тарафи келинро. Дидам, ки зӯрам ба онҳо намерасад, ба писарам занг зада гуфтам: «Даҳони занатро ба хубӣ ҷамъ кун, набошад, зада-зада аз хона пеш мекунам!» Ба фикрам шавҳараш занг зада бо воситаи телефон келинро дар ҷояш шинонда монд, ки баъди ин духтари хуб шуд. Акнун янгаву қайсингил дугонаҳои ҷонианд. Ба куҷое раванд, якҷоя мераванд, кору бори хонаро ҳам тақсим кардаанд. Дигар на ҷанг аст, на ҷанҷол. Ман ин ҳодисаро барои он нақл кардам, ки ҳамааш аз мард вобаста аст, писар, агар лаҷоми занашро кашида тавонад, бо касе ҷангу ҷанҷол намекунад, вале бача занкалон бошад, вой бар ҳоли модару хоҳаронаш!

Садоқатбону, хонашин:
Забони духтарамро маҳкам медорам
Дар хонаи ман ду келин ҳаст, якеаш духтари хоҳарам, дигараш ҷияни шавҳарам. Аз келинҳоям розиям, духтарҳои қобилу тозакоранд. Фарзанди худам бошад ҳам, росташро мегӯям, духтарам бисёр эрка аст, баъзан инҷиқӣ карда янгаҳояшро асабонӣ мекунад. Борҳо ҷанг карда гуфтам, ки янгаҳоят аз ту калонанд, ҳурмату иззаташонро ба ҷо биёр, то пагоҳ келин шуда ба хонаи шавҳарат, ки рафтӣ, аз хоҳаршӯйҳоят ҳурмат бинӣ, вале ба кӣ мегӯӣ! «Сафсатаро бас кунеду ба келинҳоятон гӯед, ки либосҳои маро зуд шуста дарзмол кунанд» гӯён, забондарозӣ мекунад. Рафтори духтарам маро ба ташвиш овардааст, метарсам, ки ягон рӯз бо янгаҳояш даст ба гиребон нашавад. Аз дасти ӯ ҳама кор меояд, барояш фарқ надорад, ки муносибати хешу таборӣ вайрон мешавад ё зиндагии акаҳояш. Аз тарси духтари шаттоҳам ба ягон ҷои дур меҳмонӣ рафта наметавонам. Лаҷоми забони духтарамро маҳкам дошта мешинам, набошад келинҳоямро дар як рӯз аз дарвоза берун мекунад!


Хурсандмурод Набиев, корманди ҷамоат:
Ҳамсояҳо кинои бе пул медиданд
Келин, агар тозакор бошад, ба табъи дили аҳли хонавода кор кунад, боварӣ дорам, ки на хушдоман ӯро бад мебинаду на хоҳаршӯй. Камбудӣ набошад, қайсингил саг нест, ки ба янгааш дарафтад-ку! Дур нарафта келинҳои апаамро мисол меорам. Қайсингилашонро чашми дидан надоштанд, рӯзе набуд, ки ҷанҷолу дар хонаашон рӯканиву мӯйканӣ набошад. Ҳамсояҳояшон доим кинои бепул тамошо мекарданд. Фишори хуни апаи бечораам аз дасти духтару келинҳояш чанд маротиба баланд шуда, қариб мурда буд. Носозгории янгаву қайсингилҳоро дида ба апаам маслиҳат додам, ки духтарашро тезтар ба шавҳар диҳад. Шукри худо, баъди он ки ҷиянамро ба хонаи бахташ гусел кардем, хонаашон тинҷу осуда шуд, дигар на ҷанг аст, на ҷанҷол.

Солиҳаи Қурбон, ронандаи автобус:
Янга не, дугона шудам
Ҳамааш айби ҷавонӣ! Мо ҳам дар вақташ ҷавон будему ҳар корро баҳона карда ба янгаҳоямон мечаспидем. Одам бояд рости гапро гӯяд, чунки ростиро завол нест. Ман ҳам гапҳои пасту баланд гуфта, янгаҳоямро меранҷондам, вале баъди арӯс шуда рафтанам фаҳмидам, ки барои келин дар хонаи бегона зиндагӣ кардану бо аҳли он оила забон ёфтан чи қадар душвор будааст. Беҳуда «ҳар чи кунӣ, бо худ кунӣ» нагуфта будаанд, ба корҳоям эрод гирифта моҷароҷӯӣ кардани қайсингилҳоямро дида рафтори худам пеши назарам меомад ва афсӯс мехӯрдам, ки чаро янгаҳоямро ранҷонда худро ба ғазаби худованд гирифтор намудам. Сабру тоқат карда оҳиста-оҳиста бо меҳрубонӣ дили хоҳарони шавҳарамро ёфтам ва янгаи дӯстдоштаашон шудам. «Янга, камтар бо мо шинед, баъд корҳоятонро мекунед. Камтар моро хандонед янга, канӣ рақсҳои Сокинаи девонаро кунед» гуфта, қайсингилҳоям аз ман дур намешуданд. Бовар мекунед, чунон бо ман одат карданд, ки дигар ҳатто ба назди дугонаҳояшон намерафтанд. Хушдоманам бо духтаронаш ҳазлу шӯхӣ карда нишастани маро дида табассумкунон мегӯяд: «Даҳонат набошад, туро дар биёбон гургон пора-пора мекунанд, келинҷон!» Ана ҳамин тавр, ману хоҳаршӯйҳоям дугона шуда мондем. Дил ёбу қанд хӯр гуфтаанд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД