Аз 27 то 29-уми январ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон тарма мефарояд
27.01.2026
Oila.tj
123

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор дод, ки аз 27 то 29-уми январ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ хавфи бештари фаромадани тарма пешгӯӣ карда мешавад.

- Аз эҳтимол дур нест, ки фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ (километрҳои 48-74), минтақаҳои тармафарои Майхӯра ва Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, инчунин минтақаҳои Манем, Вуж, Тангив ва Бидуи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух диҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД