Commerce bank may-june 2026
Аз ҷабри падар дузду бангӣ шудам
04.07.2026
Oila.tj
131

Аз рӯзе, ки худро мешиносам, падарам ҳамеша маст буд. Дар кӯдакиам гумон мекардам, ки ҳама падарон ҳамин хеланд, баъдтар фаҳмидам, ки дар дигар хонаҳо падар барои фарзандон паноҳгоҳ, такягоҳ ва мураббӣ аст. Падари ман бошад, тамоми умрашро бо шишаи шароб гузаронд. Имрӯз 64 сол дорад, мӯяш сафед шудааст, вале то ҳол аз май даст накашидааст.

Мо барои ӯ ҳеҷ арзише надоштем. На мепурсид, ки дар куҷоем, на медонист, ки чӣ мехӯрему чӣ мепӯшем. Модарам шабу рӯз азоби зиндагиро мекашид, аммо падарам танҳо дар фикри нӯшидан буд. Бепарвоии ӯ маро аз кӯдакӣ ба роҳи каҷ бурд. Дар ҳаштсолагӣ сигор кашидам, дар ёздаҳсолагӣ нос партофтам ва дар понздаҳсолагӣ банг кашиданро сар кардам. Ба ҷойи мактаб кӯча барои ман беҳтарин мактаб шуд.

Бори аввал аз кисаи модарам пул дуздидам. Баъд аз хона гурехтам. Истаравшан, Хуҷанд ва баъдан Душанбе... Фикр мекардам зиндагии нав оғоз мешавад, вале тақдир дигар хел будааст. Дар сохтмон кор мекардам, аз баландӣ афтидам ва маъюб шудам. Худоро шукр, соҳибкорон маро ба беморхона бурданду ҷарроҳӣ карданд, аммо дигар натавонистам корҳои вазнинро анҷом диҳам.

Баъдтар дар як сехи шакарбарорӣ ба кор даромадам, вале хислати бади дуздӣ боз домангири ман шуд. Аз кисаи роҳбар пул дуздида, фирор кардам. Имрӯз ҳам дар Душанбе кор мекунам, аммо аз зиндагии саргардону пур аз тарс хаста шудаам. То кай бо ин роҳ зиндагӣ мекунам? Чанд маротиба фикри худкушӣ кардам, вале тарсидаму астағфуриллоҳ гуфтам. Ба назарам чунин мерасад, ки Худованд мехоҳад зинда бимонам, то хатоҳоямро ислоҳ кунам, вале намедонам аз куҷо оғоз намоям.

Имрӯз ҳамаи бадбахтиҳои худро ба ёд оварда, ҳис мекунам, ки агар падарам мисли дигар падарон моро тарбия мекард, шояд ман ҳеҷ гоҳ ба роҳи дуздӣ, нашъамандӣ ва авбошӣ намерафтам. Аз падарам сахт ранҷидаам. Он қадар дилшикаста шудаам, ки ҳатто дигар рӯйи ҳеҷ кадоме аз наздиконамро дидан намехоҳам.

Шояд баъзеҳо гӯянд, ки инсон худаш роҳашро интихоб мекунад. Рост мегӯянд. Ман ҳам гуноҳ дорам ва аз кардаҳоям пушаймонам. Аммо кӯдаке, ки муҳаббати падарро надидааст, бисёр вақт роҳи дурустро ҳам намеёбад.

Намедонам ояндаам чӣ мешавад. Танҳо мехоҳам касе, ки имрӯз ин номаро мехонад, фарзандонашро беэътино нагузорад. Зеро бепарвоии падару модар метавонад сарнавишти як инсонро ба коми ҳалокат бубарад.

Падардори бепадар

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД