arzon november
Аз марди алкаш безор шудаам, вале...
1211


Ассалому алайкум хонандагони азиз. Ман як зиндагии талху ғайриоддӣ дорам. Дар вақташ падарам маро маҷбурӣ ба писари як шиносаш ба шавҳар дода буд.

Аз рӯзи аввал бо шавҳарам созиш карда натавонистем. Ӯ дар ҷое кор намекарду бори рӯзгорамон то ба имрӯз бар дӯши ман аст. Соҳиби ду фарзанд шудем, вале шавҳарам ҳеҷ таъмин кардани хонаро ба дӯш нагирифт. Хонаидуҳуҷрагиамон аз раҳматӣ хушдоманам ба мо мондааст, онро модараш ба номи писари ягонаи эркааш карда буд. Билохира, баъди 19 соли зиндагӣ аз чунин шавҳари тайёрхӯр ба танг омада, ба суд ариза додам.

Мо расман ҷудо шудем. Мувофиқи ҳукми суд як ҳуҷраи хона аз ману фарзандонам асту дар як ҳуҷрааш собиқ шавҳарам зиндагӣ мекунад. Акнун тасаввур намоед, ки аҳволи ману фарзандонам дар он хона чӣ гуна аст. Ҳар рӯз бо ин марди бе ору бе номус ҷангу ҷанҷол дорем.

Падари фарзандонам яхдонро кофта, хӯрокаи барои фарзандонамон харидаро бе иҷозат гирифта мехӯрад. Ҳоло боз шаробхӯр гаштааст. Ба ҳуҷрааш мардони мисли худаш бекору оворагардро меорад. Ман дар бозор ба майдафурӯшӣ машғул ҳастам. Писари калониам донишҷӯ асту духтарчаам дар мактаб мехонад.

Кӯдаконам рафтори падарашонро дида, сахт ғамгин мешаванд. Ман, ки дигар сарпаноҳе надорам, тоқат карда шиштаам. Борҳо аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки “биё, хонаро фурӯхта, барои ҳардуямон аз ягон ҷо замин ё ҳавличаи алоҳида гирем”, ӯ бошад, не мегӯяд. Даъво дорад, ки ин хонаи туҳфакардаи модарам аст. Ростӣ, асабҳоям хеле харобу аз чунин зиндагӣ сер шудаам. Метарсам, ки кадом рӯз девона мешавам. Илтимос маслихатам дихед, чи кр кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД