formula
Аз шавҳари золим чӣ хел халос шавам?
4078

 

Салом. Мадина ном дорам ва мехоҳам сарнавиштамро ба шумо қисса карда, маслиҳат бипурсам.

Маро “занакфеълӣ” ва хӯрдагирии шавҳарам Ҳошим ҷонбезор кардааст, агар аз аввал чї гуна мард буданашро донам, ҳаргиз бо ин “занакча” хонадор намешудам. Зану шавҳар шудан он тараф истад, намегузоштам, ки ақалан лаби домонам ба чангаш афтад, вале афсӯс...

Ҳар рӯз ба тақдири бадам лаънат мехонам, ки маро бо ин марди нокас рў ба рў намуда, бадбахту сияҳрӯз ва таънашунави дўсту душман кард! Эҳтимол шумо ба ман лаънат хонед, ки зан шуда сирру асрори оилаамро фош ва шавҳарамро бадгӯӣ карда истодаам, вале косаи сабрам аз дасти ин марди беномус кайҳо лабрез гаштааст, агар нагӯям, дилам мекафад.

Ман зани шавҳардор ва соҳиби 4 фарзанд бошам ҳам, зиндагиамро то ҳол волидонам пеш мебаранд. Бечора модарам гоҳ ошкорову гоҳи дигар аз писару келинҳояш пинҳонӣ ба ман орду равған, биринҷу макарон ва картошкаву пиёз медиҳад. Пули нафақаашонро падару модари пирам ба худашон сарф накарда, барои бачаҳои падардори бе падари ман сару либос мехаранд, чунки шавҳарам мардак шуда, як умр бе кор мегардад. Фикр намекунад, ки фарзандонаш чӣ мехӯранду чӣ мепӯшанд ё дар хона чӣ ҳасту чӣ нест. Мардак, то кай бе кор мегардӣ, охир бачаҳо калон шуда истодаанд, барои инҳо хонаву дари обод, сару либоси дуруст ва хӯроки нағз лозим гӯям, қиёматро қоим мекунад, ки кор набошад, чи кор кунам. Кайк дар ҷандаву ноз дар ганда гуфтагӣ барин, шавҳарам бар замми беномусию бекорхӯҷагиаш занакфеъл буда, ба ҳама кору бори ман, ҳатто ба либоспўшї, хўрокпазї ва хўрокхўриам эрод мегирад ва айб мемонад. Аз дасти ин марди “занакча” натанҳо ману фарзандонам, балки ҳаққу ҳамсяҳо низ рӯз надоранд, чунки шавҳари ман ҳамаро аз як сар ғайбат ва бадгӯӣ мекунад. Вай мисли кампирҳо “духтари фалонӣ бо мошини сиёҳшиша омад”, “зани фалонӣ бо фалонӣ мегардад”, “фалон ҳамсоя дар болои занаш зан гирифтааст” гӯён, пойи ҳамаро мехояд. Баддаҳониашро дида, касе бо ӯ дӯстӣ ва рафту омад намекунад, аксар вақт ба тӯю маъракаҳо низ хабараш намекунанд, чунки нони мардумро хӯрда, баъди маърака ба намакдонашон тӯф карда, ғайбаташон мекунад. Ин марди беор аз бекорӣ мудом ба ман часпида, бо эродгирӣ ва гапҳои нешдораш ҷонамро ба лабам мерасонад. Чанд бор гуфтам, ки мардак, маъқул набошам, ҳам љони ману ҳам љони худатро дар азоб намонда, талоқамро деҳ, ба хонаамон бармегардам, вале шавҳари муштзӯрам маро мурданивор зада мегӯяд, ки агар мурдаат аз ман халос нашавад, зиндаат халос намешавад. Ин марди бекорхӯҷа хуб медонад, ки ба ғайр аз ман, дигар ягон зан ба бенмусию қилиқҳои хунукаш тоқат намекунад, барои ҳамин маро ҳар рӯз азоб дода, мурданивор лагадкӯб мекунаду лекин талоқамро намедиҳад. Боварї дорам, ки шавҳарам баъди ман даҳ зани дигар гирад ҳам, як-ду ҳафта пас ба рўяш туф карда, баромада мераванд. Мани содда солҳо ба ҳама найрангҳои ин марди занакфеъл тоқат кардам, ки шояд ақлаш рӯзе ба сараш зада, одам мешавад, вале сол то сол рафтораш бадтар шуду беҳтар не. Илтимос ба мани сарсахти аз дасти марди бад аз зиндагӣ безор шуда маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Худамро аз дасти ин марди золим ба дор овезам ё ягон роҳи дигари халос шудан аз ин марди золим вуҷуд дорад?

 

Мадинаи бадбахт

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД