sebiston july new
Ҳазал Кая се шавҳарро «кидат» карду…
2884

Даричаи ошноӣ
Ҳазал Кая 1 октябри соли 1990 дар қисмати ҷанубии Туркия, дар шаҳри Ғазнаантеппа дар оили ҳуқуқшиносон ба дунё омадааст.

hazal-kaya-dizileri-03

Падару модараш ҳарду адвокат ҳастанд, вале ӯро модараш танҳо тарбият намудааст, чунки ҳанӯз дар 7-солагии Ҳазал волидонаш аз ҳам ҷудо шуда буданд.

Духтарак аз чизе танқисӣ накашад ҳам, аз набудани падараш зиёд ғам мехӯрд. Вақте хабари зангирии падарашро шунид, Ҳазали ҳанӯз аз баду неки зиндагӣ бехабар ба табрикаш шитофт, вале зани дигарро бо ӯ оғӯш ба оғӯш дида, рашки фарзандиаш аланга зад ва гулдастаро ба замин партофта, ба рӯйи падараш туф карду бо чашмони ашкбор аз тӯйхона баромада сӯйи хонаи худашон давид…

Hazal-Kaya-in-Ask-i-Memnu-hazal-kaya-20027157-323-506
Духтаре, ки тортҳои бомаза мепухт
Ҳазал аз ҳамон рӯзи шуме, ки падарашро бо зани дигар оғӯш ба оғӯш дид, дар дилаш ӯро гӯр карда, тамоми меҳру муҳаббаташро ба модараш бахшид. Духтарак модарашро «фариштаи ман» меномид ва аз хати кашидааш ҳеҷ гоҳ берун намебаромад. Ҳамин буд, ки дар муддати кӯтоҳ аз модар тамоми сирру асрори пазандагиро омӯхта, чунон паричеҳраи соҳибҷамолу ҳунарманде шуд, ки ногуфтанӣ. Меҳмонҳое, ки гоҳ-гоҳ аз дарашон даромада, мазаи тортҳои пухтаи Ҳазали нозанинро мечашиданд, гурбавор лабҳояшонро лесида мегуфтанд: «Панҷ панҷаи ин духтар ҳунар будааст, Худо ба кас келин диҳад, чунин боҳунарашро диҳад, ки як умр роҳат бубинӣ…»
Ҳазал бо табассуми малеҳ ба меҳмонон «Ош шавад» мегуфту дар дил орзу мекард, ки кошкӣ ягон вақт дар ҳаёташ муъҷизаи ҳақиқӣ рӯй диҳад ва мурғи самандар ӯро ба Аврупо бубарад, то вай дар он ҷо тарабхонаи туркӣ кушода, мазаю лаззати таомҳои миллиашонро ба ҷаҳониён нишон диҳад. Ин духтараки панҷ панҷааш ҳунар мехост лаззати дастони ӯро мардуми олам чашида аҳсант гӯянд. Дар ҳақиқат дере нагузашта Ҳазал машҳур гашт, вале на ҳамчун ошпаз…

maxresdefault (1)_1
Зиёфати тақдирсоз
Ҳазал Кая аслан бо синамо сару кор надошт ва ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеомад, ки рӯзе симояш дар экран пайдо мешавад, вале аз афташ Худованд барҳадар рафтани чунин сурати зебои офаридаашро нахоста, ӯро тасодуфан бо чанде аз коргардонҳои машҳури синамои турк ошно кард. Он рӯзи тақдирсоз дугонааш Ҳазалро ба зодрӯзи модараш таклиф карду духтарак не гуфта натавонист. Меҳмонҳои зиёде ба табрики соҳибҷашн, ки яке аз чеҳраҳои шинохтаи Туркия буд, омада буданд. Дугонааш Ҳазалро ба мизе бурда шинонд, ки чанд нафар коргардонҳои машҳур ва кормандони телевизион нишаста буданд. Симои зебои ин духтараки ношинос дар дили ин гавҳаршиносон аланга афканд ва баъди анҷоми базм кӣ будани ин хонуми нозанинро аз соҳибҷашн пурсон шуданд. Модари дугонааш дар бораи Ҳазал нақл карда рақами телефони ӯро ҳам дод. Рӯзи дигар ба Ҳазал аз киностудия занг зада, ӯро ба ҳамкорӣ даъват намуданд. Актриса шудан дар гӯшаи хаёлаш набошад ҳам, духтарак барои як бор аз наздик дидани актёрҳои зинда ба киностудия рафт, бехабар аз он ки бо ҳамин риштаи тақдираш бо синамо мепайвандад…
Маро бубахш, духтарам!
Филмҳои «Ман ӯро Фариҳа номидам» ва «Муҳаббати мамнуъ» номи Ҳазал Каяро вирди забони хурду калон гардонд. Акнун шабу рӯз аз экрани телевизион симои зебои Ҳазал намудор мегашт ва падари дар вақташ зану фарзандбезораш пушти дасташро бо дандон газида, оби дида мерехт. Вай аз карда сад бор пушаймон буд, аммо оби рехтаро дигар аз замин бардошта намешуд. Чанд бор бо умеди бахшиш ба назди духтараш омада бошад ҳам, Ҳазал ӯро қабул накарда гуфт: «Падари ман чандин сол пеш, ҳанӯз замони 7-солагиам мурда буд!»
Меҳнатқарин
Вақте аз Ҳазал мепурсанд, ки зиндагии вай то куҷо ба ҳаёти образҳои дар синамо офаридааш шабоҳат дорад, актриса хандида мегӯяд: «Ман мисли қаҳрамонҳоям содаву зудбовар ва ландаҳуру тайёрхӯр нестам. Устухони ман бо меҳнат шах шудааст. Аз 16-солагӣ сар карда нонамро бо меҳнати худам ёфта мехӯрам. Пинҳон намекунам, ҳеҷ гоҳ эркаю азизак набудам, вақтҳое мешуданд, ки барои пеш бурдани зиндагии худу модарам корҳои чиркину сиёҳро иҷро карда, пул меёфтам. Аз меҳнат кардан ягон вақт ор накардааму намекунам…»
Бори гарони зиндагӣ барвақт ба гарданаш бор шуда бошад ҳам, натавонист иродаи матини ин духтараки меҳнатқаринро бишканад. Ҳазал вазниниҳои ҳаётро бисёр дидаву борҳо бо одамони бадкирдор во хӯрдааст, аз ҳамин хотир ба духтаракони ҷавон маслиҳат медиҳад, ки ба ҳар кас дарди дил накунанд ва дар зиндагӣ эҳтиёткор бошанд…» Имрӯз ҳам ин зебосанами машҳур орзуи дар хориҷа тарабхонаи туркӣ кушоданро раҳо карданӣ нест. Имрӯз Ҳазал Каяро натанҳо дар Ватанаш –Туркия, балки дар Олмону Амрико ва Фаронсаю Дубай низ мардум мешиносанду эҳтиром менамоянд, вале ба шуҳраташ нигоҳ накарда, ин зебосанам ҳанӯз мехоҳад дар ин кишварҳо тарабхонаҳои хусусӣ кушода, дар пазандагӣ нотакрор будани занҳои туркро амалан исбот намояд. Агар гумон карда бошед, ки Ҳазал Кая аз баҳри кино гузаштанист, сахт хато мекунед. Ин бонуи панҷ панҷааш ҳунар ҳеҷ гоҳ синаморо намепартояд, вале мехоҳад мисли дигар ситораҳои ҷаҳонӣ бизнеси худро дошта бошад ва тарабхонаҳои «Ҳазал-Кая»-ро дар саросари ҷаҳон боз намуда, собит созад, ки натанҳо дар саҳна, балки дар зиндагӣ низ вай зани бебаҳо аст.
Ҳаёти шахсӣ
Дар наврасӣ Ҳазал бо Маҳмад Аслан муносибати ошиқона дошт, вале баъди як соли сӯзу гудози муҳаббат ин ошиқон аз ҳам ҷудо шуданд. Баъди Маҳмад Ҳазал бо Ҷоҳид Баха Парс аҳду паймони ошиқона баст. Ҷоҳид дар шоу-бизнеси турк ҳамчун суратгир машҳур буда, аз Ҳазал хеле калон буд. Ҳазал ҳамагӣ 20 сол дошт, маҳбубаш бошад, аллакай 37- сола буд. Новобаста ба фарқияти калони синну сол дилдодагон тӯйи осмонкаф ороста расман зану шавҳар шуданд, вале зиндагии хушбахтонаи ин ҷуфти кабӯтар ҳамагӣ ду сол давом карду халос. Рашки ҷонкоҳи ҷоҳид билохира косаи сабри Ҳазали паричеҳраро лабрез намуд ва зебосанам аз баҳри шавҳари муштзӯраш гузашта ба Амрико кӯчид.

Шуҳратмандон ҳам мегирянд
Дар сини 22 солагӣ табибон ба Ҳазал хабар доданд, ки гирифтори бемории қанд гаштааст. Ҳазал аз ин хабар хеле нороҳат гашта бошад ҳам, билохира ба тақдир тан дод. Паричеҳра дар давоми се моҳ 11 кило хароб шуда, ба қавле пӯсту устухон шуда монд, вале ба шабпарак монанд бошад ҳам, харидорони ҳусну ҷамолаш ҳамоно кам набуданд ва дар атрофи Ҳазал парвонавор давр мезаданд.

hazalkaya_lover_50291436_1116498381863731_869716030147267919_n

Бахти сеюм чун асал
Актриса аз байни ҳазорон ошиқи шайдо Али Атайро интихоб намуда, соли 2013 бори сеюм ба шавҳар баромад.
Хушбахтона никоҳи сеюм ба ӯ бахти ҳақиқӣ овард. Имрӯз Ҳазал Кая бо шавҳараш Алӣ Атай дар Амрико ҳаёти хушу гуворо ба сар бурда истодааст. Мо ба ин зебосанам парвозҳои баланди эҷодӣ хоҳонем!
Омодасоз: Рустам Азимӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД