Arzon march 2024
ҶАЗОИ ХУДОВАНД (ҚИСМИ 2)
29.12.2020
ОИЛА
4535

ИДОМААШ...

Шодмонии Хуршед интиҳо надошт. Тӯхфаи муносибе мехостам ҳадя орам барояш. Ба ҷуз рӯймолчаи гулдӯзӣ, ки бо ҳавас дӯхтам, ҳайф, ки чизи дигаре натавонистам харидан. Хиҷолати ман Хуршедро ба риққат овард.

-Худованд туро барои ман офарид. Шоҳина бигӯ аз ин бахти қимматтаре ҳаст магар? Эҳ ту соддаву яктои ман.
Он шаб шаби муқаддасе буд… бо номи бахт. Хуршед гуфт, ки волидонаш ба тӯйи мо ризоянд. Шодии худро ғунҷонида натавониста, ҳамон рӯз хонаи духтархолаам рафтам, ки ягона хеши дардшунавам буд. Сирри дил кушодам, гуфтам, ки Хуршедро дӯст медорам, пас аз як ҳафта хостгор мефиристад. Хоҳиш кардам, ки онҳоро язнааму духтархолаам нағз қабул кунанд. Як хафтаи дароз омодагӣ дидем. Ду-се нафар ҳамсояҳоро низ хабар кардем ба рӯзи якшанбе. Аз саҳар ҳавлиро рӯбучин кардему язнаам паи тараддуди палав шуд. Гӯё ид буд, ки ҳама хурсанду интизор будем ба истиқболи меҳмон.

Соат паси соат мегузашт, нисфирӯз шуд, шом фаро расид, вале аз мехмонон дарак набуд. Шаб расид. Аз алам гиристам. Духтархолаам "шояд воқеае шуд, медонад, зиқ нашав, пагоҳ мефаҳмӣ" - гуён тасалло мебахшиду ором намеёфтам.
Аз миён як ҳафта гузашт. Сари қаҳр ҳатто занг назадам ба Хуршед. Яке андешаи он ки рафту бемор шудагист, ё дар ҳақиқат ягон воқеа рӯй дода бошад, ба дилам ғул-ғул андохту гӯшаки телефонро гирифта, рақамҳои чидам. Касе ҷавоб намедод.
Ба донишгоҳ рафтам, мумкин маро кофтагист. дар хобгоҳ наёфта ба ягон дугонаам хабаре расонидагист. Дар ягон ҷо пайдо накардам. Ошуфта бармегаштам, ки овози шиносе аз қафо садоям кард.
-Шоҳина, исто! Нигаристам. Дугонаам Дилбар бо сару либоси ороста пайроҳаи кӯчаи мегузашт.
-Хайрият, ки сиҳату саломат будай, - нафас рост карду пасон сахт оғӯш гирифт ӯ.
-Чӣ хеле мебинӣ дугона, сирро бой надода худро хурсанд вонамуд доштам. Дар донишгоҳ гуфтанд. Пагоҳ шабнишинии хатмкунандагон будааст. Ду ҳафта шуд Хуршедро надидам. Ӯро вонахӯрдай?
-Хуршедро? - аз ҳайрат дар ҷояш шах шуд Дилбар. О… оё ту намедонӣ?…
-Чиро? - пешомади бадеро пай бурда бо ҳарос пурсидам.
-Не-е, боз гуфтанд, ки Шоҳина хабар ёфта дору хӯрдааст… Сипас, буду шуди гапро аз Дилбар фаҳмидам… Рӯзи якшанбеи ваъдагӣ, 5 июл. Дар Самарқанд тӯи Хуршед баргузор шудааст. Ҳама кори модараш.
Писари партов дорем, ки ба сағера мебахшем? Хобашро ба об гӯяд" ба такаббур гуфтааст ӯ он рӯз ба дугонаҳоям. Хуршедро фиреб медиҳанд. Бибиҷонат ба хостгории Шоҳина меоянд, он касро зудтар овардан лозим гуфта, ба Самарқанд равон мекунанд…
Замин намекафид, ки дароям. Ҳаргиз дар умри худ чунин ҳақирӣ ва хорӣ эҳсос накарда будам. Кош санг меборид аз осмон ё марги муфоҷое мерасид. Нолаи ҷонкоҳу сардноке аз дил берун омад, дигар чизеро ёд надоштам. Чашм кушоду духтури меҳрубоне болои сар дидам.

-Ҳеҷ гап не, ин ҳолат мегузарад. Ин оғози азиятҳои модар аст барои фарзанд, дилсӯзона гуфт ӯ ва бо табассуми нозуке афзуд: шояд писар мешавад? Худоё, танҳо нагузор. Илтиҷои шомам, ҳарфи ибодатам ин буд аз парвардигори бахшоянда. Наход оҳи ман ба осмон рафт?
-Чаро гап намезанӣ Шоҳина? - ба худ овард маро суоли батакрори Хуршед. Ашк нарез, илтимос, тавонӣ маро бубахш. Бахти туро сӯхтам, худо набахшид. Фарзанд надод ба мо. Занам табобат кард борҳо, аммо хешу табори занам маро гунагкор карданд ба безурётӣ…
Шоҳина, чаро гиря мекунӣ? Оташ гирифта буд ҳастии ман. Саропо месӯхт дарди пинҳоне, гӯё даргирифт дилу ҷигарам.
-Бовар кун Шоҳина, ягон рӯз туро аз ёд набурдаам. Мани тарсончак боз тарсидам аз ту, ки ба руям туф хоҳӣ кард… Ба як қатра ашки ту намеарзам, гиря накун… Панҷ сол шуд, кӯчида омдаани моро. Туро тез-тез мебинам. Фақат из дур пинхонӣ. Ҷои корат меравам гоҳе. Баромаданатро интизор мешавам, мебинаму қафо мегирдам бо ҳасрит, чӣ чора?

Шукр, ки ту хушбахтӣ дар зиндагӣ. Соҳиби се писир, шавҳари меҳрубои на хонаю дари обод… Ҳарчи худованд аз ман кам кард, ба ту бахшид. Дар тақдир набудаст бо ҳам хушбахт будани мо, ба он шаби муқаддас ёдат ҳаст?
Гуё қатрае ба косаи пури бардоштҳои ман рехт. Ашки сӯзон бари рӯ хомӯш бархостам. Лаҳзае бозмонданам, бозгаштан ба хатою иштибоҳи пешин буд. Фурсате таъхири дигар баробар ба он, ки оташ ба хонаи бахти хеш меандохтам.
Дарди ишк рӯ зада буд тозаву мегудохт чисму чон, гаронтар буд бори хорию озоре, ки аз ишк дар пайкари нозук ин ҳама сол мебурдам. Сангинтар аз ҳама ин замон иқрори ҳақиқате буд, ки мефишурд ақлу имонамpo.

Ҳис кардам, ханӯз равон аст дарёи оромидаи ишқ, ишқи бузурге миёни ману ў. Дӯстам медошт Хуршеду муҳаббаташ дар кунҷи дили ман ҳанӯз гарм. Як сухан гуфтани ман, як сухани ҳақиқат пули устуворе мешуд ба дарёи ишқ. Дареғ, ки дер шуда буд, басо дер…
Як сол гузашт аз ин воқеа. Намедонам Хуршед оё боз омаду маро дид ё ҷусту наёфт, ба ҳар ҳол ӯро надидам ва шояд ин ба суди хардуст. Вале як чавон рӯзе ба ҷои кори ман бастае овард. Гуфт, ки Хуршед фиристодааст. Онро кушодам. Як ҷуфт туфлии қимматбаҳою сафеди арӯсӣ…
Оҳ, Хуршед! Насиб набудаст, ки ба ман туфлии арӯсӣ бихарӣ. Лек оё ту медонӣ, ки ин туфлиро барои кӣ меҷустам. Ба арӯси писар, писари нахустинам, ки пас аз як моҳ тӯи ӯст. Ба арӯси писари ман ва писари ту!
Оре, оре, писари мо оне, ки давоми туст дар ман, нишоне аз ишқин нокоми мо.

Ба ин хотир сабр мекунам ман, таҳаммул намо ту ҳам. Ҳарчанд, ки аз як хаво нафас мегирем, аз як об менушем, дар як шаҳр манзил дорем, бояд набинем ҳамдигарро, бояд ҷудо бөшем, ҷудо… Ва бигзор ҳаргиз ҷавобе наёбам, акнун ба суоли ҳар рӯз чархандаи хеш: ҷазои Худованд сахт аст ё бандааш?

Шояд посухе аз шумо гирам, хонандагони рӯзгордида! Гуноҳи кӣ афзунтар буду ҷазои худованд ва бандааш ба кадоме сазовортар? Назди Худованд касе муктадир нест, вале банда метавонад, ки ислох шавад?

АНҶОМ!
ШОҲИНА

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД