formula
Қазои намозҳои роҳро чӣ тавр хонам?
705

 

Ман аз дигар давлат мошин ронда меоям ва то расидан ба ватан шабу рўзам дар роҳ мегузараду намозамро хонда наметавонам. Пас аз расидан ба хона намозҳои гузаштаро чӣ гуна ва бо кадом ният хонам?

УСМОНҶОН, соҳибкор

Посухи намояндаи Раёсати фатвои ҶТ:

- Бародари азиз, намозҳое, ки дар аснои сафар қазо шудаанд, қаср хонда мешаванд, яъне намозҳои пешин, аср ва хуфтан дуракаъатӣ қазо дошта мешаванд, намозҳои бомдод ва шом бетағйир хонда мешаванд.

Дар вақти гузоридан чунин ният карда мешавад, ки “ният кардам бигузорам қазои намози бомдод (ё намози пешин), рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД