formula55
БА АВРУПО КОРКУНӢ РАФТАН МЕХОҲЕД?
1909
БА АВРУПО КОРКУНӢ РАФТАН МЕХОҲЕД?


Ҷараёни ҷаҳонишавӣ раванди муҳоҷирати меҳнатиро низ такон бахшидааст ва имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба хориҷи дуру наздик ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, ризқу рӯзии худ ва аҳли хонаводаашонро пайдо намоянд ва ҳамзамон ҷаҳонбинии хешро васеъ гардонанд.

Шахсоне, ки майлу хоҳиши дар хориҷи кишвар кор кардан доранд, роҳҳои пайдо кардани кор дар хориҷи кишварро намедонанд ва бо сабаби надоштани иттилооти зарурӣ аксаран ба доми қаллобон афтида, ба ғуломии шаҳвонӣ ё меҳнатӣ гирифтор мешаванд.

Мурод аз ҷумлаи муҳоҷирони меҳнатиест, ки ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ гаштааст. Пештар вай Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта меомаду ризқу рӯзии худу чор фарзандашро аз он ҷо пайдо мекард, вале рӯзе бо ҳамдеҳагонаш бародарон Хуршед ва Ҷамшед вохӯрда аз забони онҳо таърифи Олмонро шуниду дар дилаш майлу хоҳиши ба ин кишвар сафар намудан пайдо шуд. Бародарон Олмонро хеле ситоиш карда гуфтанд, ки дар давлатҳои Аврупо дар як моҳ чанд ҳазор евро маош гирифта, шоҳона зиндагӣ мекунӣ ва ба Мурод ваъда доданд, ки агар нияти ба олмон коркунӣ рафтан дошта бшад, онҳо барояш кӯмак мекунанд, вале барои ин пули калон лозим аст. Мурод ба хотири ба даст овардани малағи зиёдтар ва беҳтар кардани сатҳи зиндагиашон аз бонк ва аз хешу табор пули зиёдеро қарз гирифта, ҳамроҳи 15 нафар ҳамдаҳагонаш озими олмон шуд, вале ба Ҷамшед, ки пештар чандин бор ба Олмон сафар карда, роҳбаладии онҳро ба дӯш гирифта буд, ин дафъа виза надоданд. Гурӯҳи 15 нафара сарсону ҳайрон дар миёнароҳ мемонанд.

Тақдири Мурод ва ҳамсафаронаш чӣ шуд?

Кӣ ба онҳо ваъдаи гирифтани визаи олмонро дода, дар охир ҳамаашонро “кидат” кард?

Оё онҳо тавонистанд маблағҳои калони сарфкардаашонро аз шахсоне, ки фиребашон крада буданд, баргашта гиранд?

Барои аз чунин хатарҳо дар амон мондан чи кор кардан лозим аст? Оё як тоҷик метавонад ба осонӣ, бе додани пора ба Олмон ва давлатҳои дигари аврупо ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад?

Барои муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ба Аврупо ба куҷо муроҷиат кардан лозим аст?

Дар барномаи мазкур намояндагони Агентии бо кортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва коршиноси масоили муҳоҷират ба саволҳои сершумори муштариёни сомонаи oila.tj ҷавоб медиҳанд. Тамошо кунед ва аз нозукиҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Аврупо огоҳ шавед! .

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД