Ассалому алайкум, аҳли қалам ва хонандагони азиз! Мехоҳам масъалаеро, ки чанд вақт боз оромии оилаи моро барҳам задааст, ба миён гузорам. Умедворам аз мушовара ва андешаҳои хонандагон баҳра гирифта, роҳи ҳалли онро пайдо мекунем.
Мо як оилаи одӣ ҳастем: падару модар ва се писар. Ҳамаи писарон оиладор буда, барои таъмини рӯзгор дар муҳоҷират меҳнат мекунанд. Падару модар дар Ватан зиндагӣ доранд ва мо ҳар кадом аз дур кӯшиш мекунем, ки онҳоро дастгирӣ намоем.
Ман писари калонии хонадон ҳастам. Солҳои зиёд заҳмат кашида, маблағ ҷамъ мекардам, то дар як гӯшаи ҳавлии падарӣ барои аҳли оилаам хона созам. Орзу доштам баъди чанд соли саргардонии муҳоҷират соҳиби манзили хоксорона шавам ва зану фарзандонамро дар ҷойи муносиб ҷойгир кунам.
Дар ҳамин миён барои хонаводаи ҳамсарам масъалаи муҳиме пеш омад. Онҳо мехостанд додари ягонаи ҳамсарамро хонадор кунанд, вале маблағи зарурӣ намерасид. Хусуру хушдоманам аз ман хоҳиш карданд, ки ба онҳо кӯмак намоям. Ман вазъи онҳоро дида, ба ҳолашон раҳм кардам. Баъд аз машварат бо ҳамсарам тасмим гирифтем, ки маблағи ҷамъкардаамро муваққатан қарз диҳем. Сухан дар бораи 60 ҳазор сомонӣ меравад, ки бо ранҷи чандинсолаи муҳоҷират ҷамъ шуда буд.
Онҳо бо ҳамин маблағ тӯйро баргузор карданд ва ҳоло тадриҷан қарзро бармегардонанд. Ман фикр мекардам кори хайр кардаам, зеро ба як ҷавон барои оғози зиндагии мустақил кумак расондам ва ҳамзамон маблағамро ҳам аз даст надодаам.
Аммо вақте модарам аз ин воқеа огоҳ шуд, сахт ранҷид. Ӯ аз он нороҳат аст, ки ман пеш аз чунин қарори муҳим бо ӯ машварат накардаам. Ба андешаи модарам, ман бояд пеш аз ҳама дар бораи манфиати хонаи худ фикр мекардам. Ба гуфтаи ӯ, аввал лозим буд хонаамро сохта, баъд тадриҷан ба дигарон кумак расонам.
Модар мегӯяд, ки ман хоҳиши хусуру хушдоманамро аз хоҳиши ӯ боло гузоштаам. Вай ин корро беэҳтиромӣ нисбат ба худ медонад. Аз ҳамин сабаб чанд вақт боз аз ман сахт ранҷидааст.
Ман ҳар қадар шарҳ додан хоҳам, ки нияти бад надоштам ва танҳо хостам ба хешовандон дасти ёрӣ дароз кунам, модарам гӯш кардан намехоҳад.
Мутаассифона, ин нофаҳмӣ рӯз аз рӯз бештар шуда истодааст. Дар хона фазои ноором ба вуҷуд омадааст. Модар аз асабоният баъзан бо келинҳо низ муносибати сахт мекунад ва барои масъалаҳои ночиз низ ҷанҷол сар мезанад. Мо ҳама аз ин вазъ ранҷ мекашем. Падарам кӯшиш мекунад байни мо сулҳ барқарор кунад, вале то ҳол муваффақ нашудааст.
Имрӯз аз хонандагони гиромӣ ва шахсони донишманд хоҳиш дорам ба чанд савол ҷавоб диҳанд: Оё воқеан ман хатои бузурге содир кардаам? Оё кумак ба хонаводаи ҳамсар, вақте ки онҳо дар ҳолати зарурат қарор доранд, маънои онро дорад, ки инсон падару модари худро фаромӯш кардааст? Дар чунин вазъ модар то кадом андоза ҳақ аст, ки аз фарзандаш ранҷад?
Умедворам маслиҳатҳои шумо барои мо ва дигар оилаҳое, ки бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, судманд хоҳанд буд.
Бо эҳтиром, Яҳёи муҳоҷир