formula
Ба дугонаам хушбахтӣ хоста, бе дӯст мондам
09.02.2024
ОИЛА
1294

Салом! Мехоҳам як ҳодисаи аз сарам гузаштаро нақл кунам, то ки ба дигар духтарони тоҷик дарси ибрат гардад.

Ман аз як деҳаи дурдаст ҳастам. Аслан аз деҳаи мо духтарон қариб, ки барои таҳсил ба шаҳр намеоянд. Аниқтараш падару модаронашон баъди хатми мактаб дарҳол духтаронро ба шавҳар медиҳанд ва аз имконияти таҳсил маҳрум месозанд. Аммо волидони ман, ки одамони таҳсилдида ҳастанд, имкон доданд, ки хонда маълумоти олӣ бигирам.

Хулосаи гап, ман ҳамроҳи ду ҳамсинфам, ки ҳардуяшон писар буданд, ба шаҳр омадам ва бо сари баланд аз имтиҳонҳо гузашта, донишҷӯ шудам. Ҳамсинфонам маро ҳамчун хоҳарашон дӯст медоштанд ва тез-тез ба донишгоҳамон омада аз ҳолу аҳволам хабар мегиританд. Яке аз дугонаҳоямро бо ҳамсинфам шинос намудам. Ситораҳояшон ба ҳамидигар писанд афтоду оҳиста-оҳиста риштаи игшқу муҳаббат бастанд.

Ман хушбахт шавад гуфта, дугонаамро бо дӯстам шинос карда будам, вале ба ҷойи раҳмат гуфтан ӯ ба ман рашк карда, дигар ба ҳамсинфам иљозати бо ман ҳамсӯҳбат шуданро надод. Аз номи ман суханҳои дурӯғи зиёдеро бофта ба вай расониду моро душман кард. Ман аз ҳамсинфам гиламанд нестам, зеро баъзе духтарони шайтонсират ба ҳама кор қодиранд. Баъзан дар дилам хоҳише пайдо мешавад, ки он духтари бадкешро бӯғӣ карда кушам, вале боз худро ба даст мегираму астағфуриллоҳ мегӯям.

Бо воситаи “Оила” ба духтарон гуфтаниям, ки ҳаргиз ба дугона бовар накунед, зеро рӯзе дугонаи ҷониатон душмани ҷонатон хоҳад гашт.

Замира, донишҷӯ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД