sebiston july new
БА КӮДАК ЧӢ ГУНА ЁРӢ РАСОНИДАН МУМКИН АСТ?
04.05.2021
Оила
1380

  Вақте ки ҳарорати бадани кӯдак баланд мешавад, волидон ба ташвиш афтода, дарҳол ба ҷустуҷӯи дору меафтанд, то табби фарзандашонро зудтар паст созанд. Ин амал чандон дуруст нест, зеро:

Аввалан: баланд шудани ҳарорати бадан як навъ аксуламали ҷисми инсон буда, муқовимат ва қувваи муҳофизатии организмро баланд мекунад.

Дуюм: дар давоми рӯз ҳарорати бадани инсон, махсусан кӯдакон чанд маротиба пасту баланд мешавад. Ҳангоми даву тоз кардани кӯдак ва хӯрдани хӯроки гарм низ ҳарорати бадан нисбатан баланд мешавад. Боз як нуктаи муҳими дигарро фаромӯш накунед. Саҳаргоҳ ҳарорати бадани кӯдаконон паст аст, вале баъди нимаи дуюми рӯз, аниқтараш қарибиҳои бегоҳ он боз баланд шудан мегирад. Аз ҳамин сабаб, пеш аз ҳама аниқ кардан лозим аст, ки кӯдак дар ҳақиқат таб дорад ё гармтар шудани баданаш як амри табиӣ аст.

Ҳарорати кӯдакро тез-тез санҷед.

Ба назаратон чунин мерасад, ки фарзанди шумо таб карда, камтар сурх шудааст? Дар чунин ҳолатҳо ҳарорати бадани кӯдакро ҳатман ним соат пас санҷидан лозим аст. Аксари модарон ба бадани кӯдак даст расонида, таб доштан ё надоштанашро бо ҳамин усул фаҳмидан мехоҳанд, ки ин ғалат аст. Барои аниқ кардани он ки табби фарзанди шумо чанд аст, бояд аз ҳароратсанҷ-термометр истифода баред.

Ҳароратсанҷро замоне фақат дар таги каш мемонданд, вале имрӯзҳо намудҳои гуногуни термометр мавҷуданд. Дараҷаи ҳарорат аз намуди ҳароратсанҷ низ вобастагӣ дорад.

Бояд зикр кард, ки то 37, 2 дараҷа баланд шудани табби кӯдак хавфнок нест, вале ҳароратсанҷи дар таги каши бача мондашуда рақами 37, 3 ва аз он болоро нишон диҳад, маълум мешавад, ки фарзанди шумо дар ҳақиқат таб дорад.

Ҳароратсанҷҳое низ ҳастанд, ки ба даҳон гузошта мешаванд. Мабодо бо ин навъи ҳароратсанҷ табби кӯдакро месанҷида бошед, дониста бошед, ки аз 37, 7 боло будани хати термометр маънои таб доштанро дошта, аз ин поёнаш хавфнок нест.

Кӯдакро ба духтур баред, агар...

Баланд шудани ҳарорати бадан ва таб кардани кӯдак метавонад нишонаи ягон бемории ҷиддӣ бошад, бинобар ин, дар баъзе ҳолатҳо ҳатман ба духтур муроҷиат намудан лозим аст. Волидон бояд фавран фарзандашонро ба беморхона баранд, агар:

1. Кӯдак бе ист гиря мекунад.

2. Бисёр асабонӣ буда, ҳатто баъди паст шудани таббаш низ баҳудаю беҳуда инҷиқӣ кардан мегирад.

3. Бисёр хоболуд шудааст ва шумо базӯр ӯро бедор мекунед.

4. Аз ҳуш меравад ё ким-чӣ хел карахту гаранг метобад.

5.   Кӯдак дарақ-дарақ меларзад.

6. Гардани кӯдак хам буда, сарашро намебардорад.

7. Базӯр нафас мекашад, ҳарчанд биниаш маҳкам нест.

8. Дилаш беҳузур шуда, тез-тез қай мекунад ва шикамаш меравад.

9. Табби кӯдак чанд рӯз боз намефарояд.

Дар ҳолати мавҷуд будани чунин нишонаҳо кӯдакро ба назди духтур бурда, аз ташхис гузаронидан лозим аст, агар кӯдак фақат каме таб карда, ҳолати умумиаш хуб бошад, шумо метавонед мустақилона ҳарорати бадани фарзандатонро паст кунед. Барои ин чӣ бояд кард?

Аспиринро фаромӯш кунед!

Аксари падару модарон, махсусан онҳое, ки нисбатан калонсол ҳастанд, вақти баланд шудани ҳарорат аз “Аспирин” истифода мебаранд. Додани ин дору ба кӯдакон, махсусан ба тифлони навзод мумкин нест. Аспирин ба майнаи сар ва ҷигари кӯдак зарар расонида метавонад.

Об беҳтар ё спирт?

Усули аз ҳама хуби фаровардани таб, ба бадани кӯдак молидани об мебошад. Фақат эҳтиёт шудан лозим аст, ки об аз ҳад хунук набошад. Оби сард боиси ба ларза даромадани кӯдак ва аз будаш ҳам баландтар шудани таб мегардад, бинбар ин, аз оби ширгарм истифода баред. Ҳаммоматон сард набошад, кӯдакро дар ванна ё лаганд шинонда, бо як пора матоъ ё пахтаи тоза ба баданаш оби ширгармро молидан гиред. Ҳаммом хунук бошад, кӯдакро аз хона набароварда, тугмаҳои кӯртаашро кушоед ва бо пахта оҳиста-оҳиста ба баданаш оби ширгарм бимолед. Баъзеҳо ба ҷойи об аз спирти бо об омехташуда ва ё арақ истифода мебаранд, вале табибони муосир аз ин усули қадимаи фаровардани таб ҷонибдорӣ намекунанд. Гап дар сари он аст, ки спирт бо воситаи пӯст ба ҷисми кӯдак ворид шуда, боиси сар задани аллергия гашта метавонад. Бӯйи нохуши машрубот низ ба шуш ва роҳҳои нафаси кӯдакон, хоса тифлакони навзод таъсири нохуш мерасонад.

Тез-тез нӯшокӣ диҳед

Вақте ки ҳарорати кӯдак баланд мешавад, оби табиии дар ҷисмаш буда, оҳиста-оҳиста буғ шуда мебарояд ва ин метавонад боиси камобшавии бадан гардад. Камобшавии организм барои ҳаёти атфол хатарнок аст, бинобар ин, вақте ки кӯдак таб дорад, ба вай тез-тез об додан лозим. Шумо метавонед дар баробари об ба фарзандатон оби мева ё кампот диҳед, вале як чизро фаромӯш накунед, ки тамоми намудҳои обро ба кӯдак тез-тез ва кам-кам додан лозим аст. Обе, ки ба кӯдак менӯшонед, бояд на гарм ва на сард бошад. Оби ҷӯш ҳарорати баданро боз ҳам баландтар мекунад, оби аз ҳад хунук бошад, боиси дард кардани гулӯи кӯдак ё ба ягон бемории дигар гирифтор шуданаш гашта метавонад.

Кӯдакро напечонед.

Вақте ки кӯдак таб дорад, ҳатман ба ӯ ягон либоси тунук пӯшондан лозим аст. Кӯшиш кунед, ки дар чунин мавридҳо ба фарзандатон либоси пахтагин пӯшонед,чунки матоъҳои синтетикӣ боиси гарм шудани бадан мегарданд. Рӯи кӯдаки таб доштаро бо кӯрпаи ғафси пурра аз пахта ё рӯйҷойи пашмӣ пӯшондан қатъиян манъ аст. Хонаатон хунук бошад, метавонед ягон рӯйҷойи тунуки аз матоҳои сон ё чит бударо ба рӯйи кӯдак пӯшонед, вале ҳарорати манзилатон мӯътадил бошад, кӯдакро озод гузоред.

Қошуқро зӯран ба даҳони бача наандозед!

Баъзе падару модарон ҳангоми беморӣ ва таб кардани фарзандашон кӯдакро ба хӯрокхӯрӣ маҷбур намуда, зӯран ба даҳонаш луқмаҳоро меандозанд, ки ин нодуруст аст. Хӯроке, ки шумо зӯран ба кӯдак мехӯронед, метавонад боиси дилбеҳузурӣ ва қай карданаш гардад, бинобар ин, бачаро маҷбур накунед. Кӯдак иштиҳо надошта бошад, ӯро ба ҳоли худаш гузоред. Ҳаргиз кӯдаки таб доштаро ба хӯрдани хӯроке, ки дилаш намехоҳад, маҷбур насозед. Мабодо кӯдак хӯрок хӯрдан хоҳад, ба ӯ ҳамон ғизоеро диҳед, ки дилаш мехоҳад.

Боғча ва мактабро фаромӯш кунед!

Иддае аз падару модарон чунон серкор ҳастанд, ки ҳатто дар ҳолати табби баланд доштани фарзандашон ба кӯдак ягон доруи таъсирбахш дода, ӯро ба боғчаи бачагона мебаранд ё ба мактаб равон мекунанд. Новобаста ба он ки шумо дар кадом вазифа кор мекунед ва чӣ масъулиятҳои бузурге бар дӯшатон бор ҳастанд, ба боғча ё мактаб фиристодани кӯдаке, ки таб дорад, раво нест. Пас аз таб кардан кӯдак бояд ақаллан як шабонарӯз дар хона монда, дам гирад. Ин ҳам барои барқарор шудани қувваи худи кӯдак ва ҳам барои дигар бачаҳое, ки ҳамроҳаш дар боғча ё мактаб ҳастанд, муфид аст. Фарзандатонро то камтар ба худ омаданаш дар хона нигоҳубин намуда, шумо ҳам барои пурра барқарор шудани саломатии ҷигарбандатон ёрӣ мерасонед ва ҳам кӯдакони дигарро аз хавфи сироят ёфтан аз ин ё он беморие, ки шояд дар вуҷуди кӯдаки шумо бошад, эмин медоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД