arzon replenishment
Ба хотири шавҳар фарзандамро кушам?
6736

 

Салом! Ман як ҷавонзани 30-сола ҳастам ва мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта маслиҳат бипурсам, зеро мушкиле домангирам гаштааст, ки ҳеҷ роҳи ҳаллашро наёфта истодаам.

Амина ном дорам ва дар яке аз деҳаҳои наздики пойтахт умр ба сар мебарам. Духтари зебои сиёҳчашму сияҳабрӯ будам ва талабгорони зиёде доштам. Ҳанӯз аз 16-солагӣ хостгорон пушти дарамонро охурча карда буданд, вале модарам “ман духтарамро ба бегона намедиҳам” гӯён, ҳамаи хостгоронро навмед гусел мекард, зеро маро аз кӯдакӣ бо писари холаам гаҳворабахш карда буданд.

Билохира, холаам, ки дар шаҳр мезист, бо кулчаву тӯша ба хонаи мо хостгорӣ омад ва маъракаи калоне ороста, маро, ки нав 18-сола шуда будам, бо писари холаам фотиҳа карданд. Пас аз тӯй домодшаванда ба Русия коркунӣ рафт ва бо ҳамин чанд сол бедарак шуд. Падарам чанд маротиба бо модарам ҷанҷол карданд, ки ба хотири ҷияни ту шуда, духтарамон пирдухтар мешавад, биё фотиҳаро гардонда, Аминаро ба ҷавони дигар ба шавҳар медиҳем, вале модарам “ман дар бисотам як апа дорам ва барои як духтар шуда аз фарзанди падарам ҷудо шудан намехоҳам” мегуфтанд.

Ҳамин тавр аз байн 8 сол гузашт ва синну соли ман ба 26 расид. Дугонаҳоям аллакай соҳиби 2-3 фарзанд шуда буданд, аммо ман ҳанӯз ҳам роҳи писари холаамро мепоидам, вале...

Ниҳоят пас аз 8 соли интизорӣ домоди бе ному нишон ба Ватан баргашт, аммо танҳо не, ҳамроҳи зан ва ду фарзандаш. Писархолаи бевафоям аз ҳама пинҳонӣ дар Русия бо як тоҷикдухтари муҳоҷир хонадор шуда, кайҳо соҳиби хонаву дар ва бачу кач гашта будааст. Модарам “писарат духтари маро аҳмақ кард” гуфта бо апааш ҷанг шуду падарам “бо умеди ҷияни ту шуда, умри духтарам беҳуда гузашт” гӯён, модарамро лагадкӯб кард, аммо дигар аз баҳсу моҷаро заррае суд набуд...

Хулласи калом, ҳамин тавр бо умеди гаҳворабахш шуда, аз бахт бенасиб ва пирдухтар шуда мондам. Дар 27 солагӣ волидонам аз ночорӣ маро ба як марди зандида ба шавҳар доданд. Ба ҳаминаш ҳам шукр мегуфтам, вале ба бахти бадам шавҳарам безурриёт баромад. Вай се маротиба хонадор шуда бошад ҳам, аз ягон занаш соҳиби фарзанд нагаштааст. Муддати ду сол бо умед бо ин марди калонсол зиндагӣ кардам, ки шояд мӯъҷизае рӯй дода, бачадор мешавем, аммо ягон мурод ҳосил нашуд. Ба кадом духтуре, ки наравем, ошкоро мегуфтанд, ки зан ягон айб надорад, аз ин мард фарзанд намешавад. Падару модарам “одам ба хотири фарзанд зиндагӣ мекунад, то ба кай умратро ҳамин хел бе самар мегузаронӣ” гӯён маро ба хонаи худашон оварданд ва шавҳарам талоқамро дод.

Азбаски синну солам аллакай аз 30 гузашта буд, ним сол пас маро ба як марди дигар, ки 4 фарзанд доштааст, никоҳ карда доданд. Шавҳарам ва модараш келини пештараашонро дар назди мо бад карда мегуфтанд, ки гӯё ӯро бо марди дигар дошта, аз хона пеш кардаанд, вале баъди никоҳ фаҳмидам, ки ҳамааш дурӯғ будааст. Хушдоманам як писар дорад ва мудом писарашро ба занаш рашк бурда, рӯз намедодааст. Билохира, ҷони ҷавонзан ба лабаш расида, баромада рафтааст. Ба хотири он ки ҷонаш аз алимент халос шавад, шавҳарам бачаҳояшро зӯран кашида гирифтааст.

Ҳамин тавр ҳанӯз ягон фарзанд ба дунё наварда, ман якбора соҳиби 4 бача шудам. Фарзандони шавҳарамро фарзанди худ дониста, мудом сарашро сила мекардам, оббозӣ медорондам, сару либосашонро шуста дарзмол мекардам, хӯрокҳои бомазза пухта медодам, то бемодарии худ ва моиндар будани маро ҳис накунанд.

Худованд шояд ба подоши ҳамин меҳрубониҳоям нисбат ба чаҳор кӯдаки зиндаятим ба ман неъмати бебаҳоеро насиб дида, ҳомиладор шудам.

Аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам, ки ниҳоят ман ҳам модар мешавам ва зиндагиам мустаҳкам мегардад, вале хабари ҳомила шуданам шавҳар ва хушдоманамро тамоман хурсанд накард. Аз рӯзе, ки ҳомила шудам, рӯзу рӯшноӣ надидам, очаю бача ду пояшонро ба як мӯза андохта, талаб мекарданд, ки ба духтур рафта кӯдакро гирифта партоям. Шавҳарам ду маротиба бо мақсади исқоти ҳамл маро ба духтур бурд, вале бо баҳонаи харидани дастпӯшак аз назди духтур баромада гурехтам. Хушдоманам “мо ин духтарро гови қисир гуфта келин кардем, вале ҳанӯз ду моҳ нашуда ҳомила шуд. Писарам 4 фарзанд дорад, мо бачаи инро ба сарамон мезанем” гӯён, бо модарам ғурбат мекард, ки ба духтарат фаҳмон, агар аз зиндагӣ бо шавҳараш умед дошта бошад, ба хубӣ рафта кӯдакро “аборт” кунад. Як шаб очаю бача маслиҳат карданд, ки пагоҳ саҳар хоҳам-нахоҳам маро дукаса ба духтур мебаранд ва ниҳоят аз кӯдак халос мешаванд.

Бо шунидани ин гап ҳуш аз сарам парид ва ҳанӯз чашми рӯз накафида аз хона фирор кардам.

Қариб ду моҳ шуд, ки ман дар хонаи падару модарам ҳастам. Шавҳар ва хушдоманам дар ин миён се маротиба омада рафтанд, вале ҳар бори омаданашон як гапро такрор мекунанд: зиндагӣ кардан хоҳад, рафта кӯдакашро гирифта партояд! Шавҳарам мегӯяд, ки барояш чаҳор фарзанди аз зани аввал доштааш кифоя аст ва маро танҳо ба хотири нигоҳубин кардани кӯдаконаш ба занӣ гирифтаасту халос. Ростӣ, баъди ба хонаамон омадан тасодуфан дар як тӯй бо як зани хеши хушдоманам шинос шуда аз забони ӯ фаҳмидам, ки шавҳарам пеш аз ман якто не, балки се зан гирифта будааст ва аз ду зани дигараш низ дутогӣ фарзанд дорад. Ин марди занҷаллоб барои он аз бача безор будааст, ки ба 4 фарзандаш алимент медиҳад ва 4 кӯдаки дигарашро худаш нигоҳубин карда истодааст. Шавҳару хушдоманам маро танҳо ба сифати як хизматгор дар хонаашон нигоҳ медоштаанд. Ду рӯз пеш шавҳарам ба хонаамон омада буд ва ба ман ду ҳафта мӯҳлат дод, ки фикр карда ба як хулоса биёям, агар исқоти ҳамл кунам, маро дубора ба хонааш мебарад, дар акси ҳол талоқамро медиҳад ва минбаъд ман медонаму мушкилотам.

Тифли батнам аллакай панҷмоҳа шудаасту ҷон дорад, гирифта партофтани кӯдаки қариб расидагӣ ба одамкушӣ баробар аст. Метарсам, ки агар исқоти ҳамл кунам, шояд дигар ҳеҷ гоҳ рӯйи фарзандро набинам, вале...

Падарам маъюб аст, саломатии модарам низ чанд сол боз хуб нест, касе надорам, ки маро дастгирӣ намояд. Волидонам як кулбачаи хоксорона доранд ва бояд соли дигар ду бародарамро хонадор кунанд. Модарам мегӯяд, ки дар ин замонаи душвор ман ба танҳоӣ аз ӯҳдаи калон кардани кӯдак намебароям, бар замми ин, агар аз шавҳарам ҷудо шавам, мардум ба ҳолам хандида мегӯянд, ки ин духтар ягон гуноҳ дорад, ки аз ду шавҳар ҷудо шуд.

Байни обу оташ монда чӣ кор карданамро намедонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам: Ба хотири бахт тифли батнамро кушам ё аз баҳри шавҳари занҷаллоб ва фарзандбезорам гузашта, ҳарчи бодо бод гӯён, тамоми мушкилотро бар дӯши худ бигирам?

Аминаи бебахт

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД