Ба комик Нурлан Сабуров 50 сол ба Русия рафтанро манъ карданд
06.02.2026
Oila.tj
79

Ба комик Нурлан Сабуров аз 30-юми январ ворид шудан ба Русия манъ шудааст. Бино ба иттилои РИА «Новости», чунин қарор аз ҷониби мақомот «ба хотири амнияти миллӣ» ва «ҳифзи арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқӣ» қабул шудааст.

Тавре ТАСС иттилоъ медиҳад, «бинобар танқиди СВО», инчунин вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират ва андоз воридшавӣ ба кишвар барои комик ба муҳлати 50 сол манъ гардидааст. Ба иттилои каналҳои Telegram, Сабуров шаби 6-уми феврал аз АМА барои иштирок дар сабти реклама ба фурудгоҳи Внуковои Москва парвоз кардааст.

«Ҳангоми гузаштани назорати шиноснома, Сабуровро ба утоқи алоҳида бурданд ва ба ӯ санад дар бораи манъи воридшавӣ ба Русия супориданд»,- менависад SHOT.

Бояд гуфт, ки моҳи майи соли 2025 Сабуров дар фурудгоҳи Шереметево барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират - риоя накардани муҳлати будубош дар кишвар боздошт шуда буд. Ӯро 5000 рубл ҷарима баста, супориш дода буданд, ки дар давоми ду ҳафта ихтиёран Русияро тарк кунад.

Нурлан Сабуров яке аз машҳуртарин стендап-комикҳои Русия ва ровии шоуи YouTube-ии «Что было дальше?» мебошад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД