formula
Ба мардони зандор начаспед, духтарҳо!
1589


Салом! Ман як зани 35-солаи тоҷик ҳастам ва мехоҳам сарнавишти худро нақл карда, аз хонандагони сомонаи Оила. ТЧ маслиҳат пурсам.

Ману шавҳарам 15-сол пеш ҳамдигарро дӯст дошта, бо ишқу муҳаббат оила барпо намуда будем. Шавҳарам падари чаҳор фарзанд гашта бошад ҳам, нисбат ба синну солаш хеле ҷавон менамояд, бар замми ин, бисёр марди дасткушод ва хушгапу дилёб аст. Хоҳаронам ҳамеша таъки мекарданд, ки эҳтиёт бошам, чунки духтарҳо чунин мардони хушсурат ва пулдорро шикор карда мегарданд, аммо ман фақат даст афшонда механдидам. Ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки шавҳарам метавонад бо зани дигар робита барқарор намояд, зеро муносибати мо хеле гарму самимӣ буд ва ба қавле мисли Лайлию Маҷнун будем, вале...

“Як куртаи мардак, ки дуто шуд, зан мегирад ё маъшуқа меёбад” гуфтани калонсолон беҳуда набудааст, мардаки ман ҳам вақтҳои охир нағмаҳои нав баровардааст. Шабҳо телефонаш тез-тез занг мезанад ва шавҳарам бо баҳонаи он ки дар ғавғои кӯдакон чи гуфтани шахси занг мезадаро намешунавад, ба берун мебарояд ё ба хонаи дигар гузашта, дурудароз бо касе гап мезанад. Ин рафтори шавҳарам маро ба шубҳа андохт ва шабе баъди хобаш бурдан телефонашро кофтам. Маълум шуд, ки падари фарзандонам бо Нигина ном духтаре шинос шуда, СМС- бозӣ мекардааст. Рақамҳои духтарро гирифта, рӯзи дигар занг задам, то ӯро ҳушдор диҳам, ки ба умеди мардаки ман нашавад, вале медонед чӣ шуд?! Нигина марди зандор ва падари 4 фарзанд будани шавҳари маро фаҳмида, бепарвоёна гуфт:

“Хайр, зану фарзанд дошта бошад, чи шудааст?! Мардаки зебою хушчақчақ ва пулдор аст, ман ӯро дӯст медорам! Натарс, шавҳаратро кашида намегирам. Ту метавонӣ хизмати падару модарашро кардан гирӣ ва бачаҳояшро нигоҳубин кунӣ, ман бошам, зани дуюмаш шуда, бо ишқам давру дарвон ронда мегардам. Дар як ҳафта як-ду бор назди ман биёяд, кифоя аст...”

Бо шунидани ин суханон хун ба сарам зад ва таъкид кардам, ки ин корро ҳамту намемонам.
Маъшуқаи шавҳарам дар ҷавоб бо тамасхӯр гуфт: “Эй, ту чорто зоида кампир шудаӣ, дигар ба кӣ даркорӣ! Дамата гирифта шин, набошад ба ишқам мегӯям, ки талоқатро дода, аз хона берунат кунад. Он вақт бо сағераҳоят дар кӯча монда ба нони хӯрдан зор мешавӣ...”

Ростӣ, мардакам одами хуб бошад ҳам, латта нест, агар қаҳрашро биёрӣ, ба паланг монанд мешавад, аз ҳамин сабаб метарсам дар ин бора лаб кушода, бигӯям, ки аз маъшуқа ёфтанаш хабар дорам ва бо Нигина суҳбат кардам.

Намехоҳам аз рӯйи як духтари беандеша бо шавҳарам ҷангу ҷанҷол кунем ва зиндагиам вайрон шуда, бачаҳоям бе падар гарданд, вале эҳсос мекунам, ки хомӯшӣ низ ба фоидаам нест. Гӯшамро ба карию чашмамро ба кӯрӣ зада гаштан гирам, ин духтар аниқ шавҳарамро ба пуррагӣ аз худ мекунад.

Хонандагони азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Хонаи падару модари Нигинаро кофта ба сарашон равам ё ягон роҳи дигари халосӣ аз ин духтари шилқин вуҷуд дорад?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД